ҶОМИ ҶАҲОН-2025. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Буркина-Фасо бозӣ мекунад

Ноябрь 11, 2025 11:53

ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 ноябр дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 бозии ниҳоӣ анҷом медиҳад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи Тоҷикистон дар даври сеюм бо дастаи мунтахаби Буркина-Фасо бозӣ мекунад. Бозӣ дар майдони №2-и Маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа доир шуда, соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:45 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар гурӯҳи «I» футболбозони навраси тоҷик бо дастаҳои мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чехия рақобат намуданд.

Дар бозии аввал дастаи Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби Чехия бо ҳисоби 1:6 шикаст хӯрд. Дар дидори дуюм дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қувва озмуда, бо натиҷаи 1:2 мағлуб гардид.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон 

 

Ноябрь 11, 2025 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад