ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Сохторҳои буҷетии ноҳияи Фархор ба мавсими сармо пурра омода мебошанд

Ноябрь 11, 2025 15:52

ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархор  оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шудааст. Дар айни замон нақшаи захираи ангишт ва ҳезум дар сохторҳои буҷетии ноҳия пурра иҷро гардидааст. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор  иттилоъ доданд.

То имрӯз барои хуб гузаронидани фасли зимистон дар  бештари муассисаҳои таълимию томактабии ноҳия ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Инчунин дар панҷ муассисаи таълимӣ муҳаррики дизелӣ ва дар се муассисаи дигар  панелҳои офтобӣ насб карда шудаанд.

Муассисаҳои тандурустии ноҳия —  беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ ва марказҳои саломатии деҳоту бунгоҳҳои тиббӣ низ бо ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ таъмин гардидаанд. Масъулини муассисаҳои соҳаи тандурустӣ  дар анборҳояшон миқдори муайяни орд, равған, биринҷ, шакар ва дигар маҳсулоти хӯроквориро захира намудаанд.

Масъулини соҳа ва кишоварзони ноҳияи Фархор барои захира намудани тухмии ғалладона, картошка ва дигар зироати кишоварзӣ ба хотири сари вақт гузаронидани кишт, инчунин захиранамоии хӯроки чорво тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Дар ноҳияи Фархор барои таъмини аҳолӣ бо ангишт нуқтаҳои махсуси фурӯши он ташкил гардидаанд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор

Ноябрь 11, 2025 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад