Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд

Ноябрь 19, 2025 14:16

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ бо ҷамъоварии беш 27 ҳазору 397 тонна  ҳосил нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида, имсол дар ноҳия дар 10 ҳазору 160 гектар пунбадона кишт гардида, 27 ҳазору 397 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки ба 100,1 фоиз баробар аст.

Ҳаҷми пахтаи дар ноҳия истеҳсолшуда дар ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ зиёдтарин ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки меҳнаткашони ноҳия аз аввали мавсим фаъолнокӣ нишон дода, аз пешсафони маъракаи пахтачинӣ буданд. Бо меҳнати шабонарӯзии хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ва саҳми ҳашарчиён имкон даст дод, ки нақшаи истеҳсолӣ иҷро карда шавад.

Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ дониста мешавад, зеро тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулот истеҳсол мегардад. Ин зироатро бештар барои нахаш парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Нахи пахта ашёи асосии он мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ноҳияҳои Спитамен ва Ашт низ нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 19, 2025 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид