Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Анҷумани умумии аввалини Академияи илмҳои Осиё (AASc), ки дар Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ба ҳайси ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Интихоби Қобилҷон Хушвахтзода дар мақоми роҳбарикунанда дар Академияи илмҳои Осиё имконият медиҳад, ки ҳамкории илмӣ байни Тоҷикистон ва мамлакатҳои Осиё, инчунин барномаҳои муштараки таҳқиқотӣ ва таҳқиқоти стратегии илмӣ густариш ёбанд.
Ин интихоби таърихӣ шаҳодати эътирофи ҷаҳонии саҳми шоиста ва нуфузи олимони тоҷик дар пешрафти илм ва таҳқиқоти сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар фазои илмии Осиё ва ҷаҳон чун ҷумҳурии дорои дараҷаи баланди илмӣ ва олимони соҳибмаърифат эътироф карда мешавад.
Анҷумани умумии Академияи илмҳои Осиё бо иштироки 121 вакил аз давлатҳои гуногун, аз ҷумла Чин, Русия, Ҳиндустон, Ҷопон, Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Покистон, инчунин мамлакатҳои ғайриосиёӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Юнон, Молдова ва Беларус баргузор гардид. Дар он 97 вакил дар интихобот иштирок намуда, ба ҳайси роҳбарони академия ва аъзои комил ва вобаста интихоб шуданд.
Ин интихобот барои рушди фазои ягонаи илмӣ ва ҳамгироии донишмандони Осиё аҳамияти беназир дошта, эътирофи саҳми Тоҷикистон ва олимони он дар арсаи минтақавию байналмилалӣ мебошад.
Академияи илмҳои Осиё ягона муассисаи илмие мебошад, ки дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ҳамгироии донишмандони Осиё, рушди таҳқиқоти илмӣ ва густариши ҳамкории стратегӣ байни мамлакатҳои қитъаи Осиё таъсис ёфтааст. Он тамоми муассисаҳои илмии минтақаро фаро мегирад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд
Доир ба нақши илм дар рушди маънавии занон конференсия баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир гардид






