Дар Ироқ масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияту бехатарӣ баррасӣ шуд

Ноябрь 10, 2025 08:48

ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати Мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ Қосим Ал-Аърачи, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба шаҳри Бағдоди Ироқ сафар намуданд.

Дар доираи ин сафар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Ироқ Абдул Латиф Рашид бо Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон баргузор гардида, ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Ироқро дар самтҳои сиёсӣ ва амниятию ҳуқуқӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин зимни мулоқоти Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ Қосим Ал-Аърачи масъалаҳои мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва маблағгузории он, пешгирӣ аз амалҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва дигар самтҳои амниятӣ низ муҳокима гардид.

Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ масъалаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, вазъи маҳкумшудагон- шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Ироқ, интиқоли маҳкумшудагон ва дигар мавзуъҳо баррасӣ шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 10, 2025 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲОМИЁНИ НАЗМУ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ. Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил гардид
Рӯзи милитсияи тоҷикро дар Хуҷанд ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Бадахшон бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши идона доир шуд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ Рӯзи милитсияи тоҷик ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР – РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон ислоҳоти милитсия идома дорад
Президенти Тоҷикистон: «Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар солҳои бисёр душвору ҳассос саҳми таърихӣ гузоштанд»
МУҲОФИЗАТГАРИ БОЭЪТИМОДИ ХАЛҚУ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи милитсия
Дар Москва нишасти сездаҳуми котибони Шурои амнияти кишварҳои ИДМ баргузор шуд
Дар мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Конститутсия ҳамоиши илмӣ – маърифатӣ доир шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон: «Новобаста аз боридани барф дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ кушода аст»
Дар шаҳри Гулистон масъалаи бехатарии радиатсионӣ ва идоракунии партовҳои радиоактивӣ баррасӣ гардид
Мақомоти корҳои дохилии Душанбе ҳамкориро бо Департаменти бехатарии шаҳри Нанкини Чин тақвият мебахшад