Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Мафтуна»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Якатоли деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Мафтуна» — ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави кӯдакистон дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст. Корҳои бунёдӣ дар кӯдакистон соли 2023 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Қаюм Шарифов бо сифати баланд бунёд гардидааст.
Дар вақти сохтмон зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассисаи тозабунёд аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Дар кӯдакистон 5 гурӯҳ амал намуда, ба онҳо 18 парастори ботаҷриба бо бозиҳои ҷолибу шавқовар машғулият мегузаронанд.
Ҳуҷраҳои барҳавои машғулиятҳо ва истироҳати тарбиятгирандагон бо рахтҳои хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун муҷаҳҳаз буда, бо завқу салиқаи баланди эстетикӣ ва мувофиқ ба дунёи рангини кӯдакон оро ёфтааст.
Омӯзиш дар он бо 2 забон — тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад. Масъулин нақша доранд, ки оянда таълимро бо забони англисӣ ҳам ба роҳ монанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони хуштолеъ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, бо онҳо суҳбати самимӣ доир намуданд.
Саҳни биноро гулҳои рангоранг, айвонҳо барои гузаронидани машғулиятҳо дар ҳавои тоза, инчунин дигар таҷҳизоти зарурӣ, зебу зиннат додааст.
Роҳрав ва дигар деворҳои муассиса рангину зебо ва бо қаҳрамонҳои дӯстдоштаи кӯдакон аз филмҳои машҳури тасвирӣ оро ёфтааст.
Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманд номида, ба соҳибкори ҳимматбаланд барои ин иқдоми наку арзи сипос карданд. Аз мураббиён даъват намуданд, ки бо истифода аз шароити мусоид кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо дар оянда барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд.









Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад






