Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстӣ бо корҳои ободонию созандагӣ ва саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта шинос шуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ва саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаву коркард намудани он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон сафар намуд.
Сарвазири мамлакат нахуст дар шаҳраки Хоҷамастони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маркази хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Марказ аз 3 ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамолиддин Ҳасанов ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ инчунин дигар иншооти ҷашнӣ, бинои нави Шуъбаи қабули беморон ва ёрии таъҷилии беморхонаи марказии ноҳия ифтитоҳ гардид. Бинои нав бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоқимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша дар масоҳати 372 метри мурабаъ қомат афрохта, дорои ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, табибони ҷарроҳ, амрози даруна, ҷароҳатбандӣ, эҳёгарӣ, кӯдакона, ташхиси ултрасадо ва утоқи сабти барқии дил мебошад.
Кушодашавии Шуъбаи навро табибону масъулон қадами муҳиме дар беҳтарсозии сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳия номиданд.
Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат дар деҳаи Сумбулаи ноҳия бинои дуошёнаи бунгоҳи тиббӣ ва коргоҳи дузандагӣ мавриди истифода қарор дод, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардидааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Дӯстӣ бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай Хатлон Син Силу» шинос шуд. Ин корхонаи бузурги саноатӣ аз лиҳози иқтидори истеҳсолӣ ва сатҳи технологӣ дар Осиёи Марказӣ камназир буда, аз соли 2015 ба фаъолият мекунад.
Корхона соли равон беш аз 20 ҳазор тонна пахтаро қабул ва то ин давра зиёда аз 16 ҳазор тоннаи онро коркард намуда, ба истеҳсолот равона кардааст.
Дар «Ҷунтай Хатлон Син Силу» 360 мутахассису коргари маҳаллӣ бо кори доимӣ ва 1200 нафар бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъминанд.
Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки корхонаи м
азкур беш аз 4 ҳазор гектар заминро барои кишти пахта дар ихтиёр дошта, яке аз бузургтарин истеҳсолкунандаҳои ин ашёи хом дар минтақа ба ҳисоб меравад. Маҳсулоти корхона, асосан, ба содирот нигаронда шудааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода саҳми роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай Хатлон Син Силу»-ро дар самти азхудкунӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ҳам назаррас арзёбӣ намуда, барои боз ҳам бештар ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо пахтакорон, таъмини тухмиҳои хушсифату гирифтани ҳосили баланд, масъулонро вазифадор намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»

















Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид






