Дар Тоҷикистон овоздиҳии онлайнӣ дар доираи Ҷоизаи миллии «Telecom Awards Tajikistan 2025» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди овоздиҳии онлайн дар доираи аввалин Ҷоизаи миллӣ дар соҳаи алоқа — «Telecom Awards Tajikistan 2025» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҷоиза бо мақсади муайян намудани пешсафони соҳаи телекоммуникатсия ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ таъсис дода шуд.
Ҳадафи лоиҳа ҷалби операторони мобилӣ, таъминкунандагони интернет, коршиносони соҳа ва истифодабарандаи мамлакат ба баҳогузории шаффофи сифати алоқа ва хизматрасониҳои рақамӣ мебошад.
Телекоммуникатсия яке аз бахшҳои калидии рушди ҷомеаи рақамӣ ба шумор рафта, таъсиси ҷоизаи миллӣ барои ҳавасмандсозии ширкатҳо ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иттилоъ дода шуд, ки барои иштирок дар овоздиҳӣ ҳар шаҳрванд метавонад ба сомонаи telecom.awards.tj ворид шуда, рақами телефони худро сабт намояд ва аз рӯи чанд меъёр — сифати алоқа, фарогирӣ, тарофаҳо, сатҳи хизматрасонӣ ва суръати интернет — ба оператор ва провайдер аз 1 то 5 ситора баҳогузорӣ кунад. Бо истифодаи як рақам дар ҳар ду категория овоз додан мумкин аст.
Ба ғайр аз овоздиҳии мардумӣ ҷоиза 14 номинатсияи соҳавиро низ фаро мегирад, аз ҷумла «Ҳалли инноватсионии сол», «Беҳтарин хизматрасонӣ ба муштарӣ», «Беҳтарин хизматрасонии рақамии сол», «Беҳтарин лоиҳаи сармоягузории сол», «Беҳтарин саҳм дар рушди соҳаи алоқа», «Суръатноктарин интернети мобилӣ», «Суръатноктарин интернети собит» ва «Пешравии сол».
Арзёбии ниҳоӣ дар асоси таҳлилҳои мукаммал анҷом дода мешавад. Ба он пурсишҳои телефонӣ, санҷиши «муштарии махфӣ», ченкуниҳои техникӣ, омӯзиши суръат ва фарогирии шабака ва натиҷаҳои овоздиҳии мардумӣ дохил мегарданд.
Маросими ҷамъбасти озмун ва супоридани ҷоизаҳо моҳи декабр баргузор мегардад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад






