Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, омода аст ҳамкориро дар самти таҷдиди шабакаҳо, зеристгоҳҳо ва истифодаи технологияҳои барқароршаванда васеъ намояд. Ин матлаб 27 ноябр зимни вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода бо намояндаи иқтисодии Олмон дар Осиёи Марказӣ Эдуард Кинсбрунер баён гардид.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо имконияти ҳамкориро дар бахшҳои энергетика, саноат, логистика, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба рушди саноати коркард, инфрасохтори логистӣ, занҷираи «сардхона» ва рақамисозии расмиёти гумрукӣ равона гардид. Намояндаи иқтисодии Олмон дар Осиёи Марказӣ иброз намуд, ки корхонаҳо ва ширкатҳои Олмон омодаи омӯзиши ҳамаҷонибаи имконияти ҳамкорӣ дар ин бахшҳо мебошанд.
Итттилоъ дода шуд, ки иқтисодиёти мамлакат солҳои охир нишондиҳандаҳои устувор, аз қабили болоравии солонаи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба беш аз 8 фоиз, сатҳи пасти таваррум, суботи қурби пули миллӣ ва болоравии ҳаҷми содироту воридотро бо кишварҳои шарик нишон медиҳад. Чунин тамоюлҳо барои густариши фаъолияти муштарак ва ҷалби сармояи хориҷӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






