Тоҷикистон ва Қатар роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданиро баррасӣ карданд

Ноябрь 4, 2025 19:06

ДУШАНБЕ, 4.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар шаҳри Давҳа вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло  Назарзода  бо Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Давлати Қатар Муҳаммад Фалеҳ Ал Ҳаҷрӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи гражданӣ.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани парвозҳои доимӣ дар самти Душанбе–Давҳа, парвозҳои боркашонӣ (карго) ва рушди бизнес-авиатсияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни вохӯрӣ Ҳабибулло  Назарзода таъкид намуд, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 12 июни соли 2025 сиёсати «Осмони кушод» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.

Дар доираи ин сиёсати давлатӣ, бо ҳадафи ифтитоҳи хатсайрҳои нав, ҷалби сайёҳон ва сармояи хориҷӣ, дар фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат  ба ҳамаи намудҳои хизматрасонӣ то 40 фоиз тахфиф пешбинӣ шудааст.

Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Давлати Қатар Муҳаммад Фалеҳ Ал Ҳаҷрӣ, дар навбати худ, омодагии ҷониби Қатарро барои ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Қатар аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар иброз дошт.

Ноябрь 4, 2025 19:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид