WTDC-2025: Тоҷикистон ва Эрон дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи барқиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 17 то 28 ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Конфронси ҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ (WTDC-2025) мегузарад, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи конфронс вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо Вазири технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Саттор Ҳошимӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои роуминги байналмилалӣ, воридоти трафики интернет аз Эрон, мубодилаи таҷриба дар соҳаи амнияти киберӣ ва омода намудани кадрҳои соҳавиро баррасӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки мулоқоту суҳбатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён, ки моҳи январи соли 2025 баргузор гардиданд, ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманд байни кишварҳо такони ҷиддӣ бахшид.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси ҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ (WTDC-2025) мақоми олии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) буда, ба масъалаҳои рушди алоқаи барқӣ равона гардидааст.
Дар конфронс нақшаи стратегии рушди бахши алоқаи барқии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давраи чор соли оянда қабул гардида, афзалияти соҳа муайян карда мешавад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд






