35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент нақшаи бунёди иншооти таъйиноти гуногун беш аз 109 фоиз ба иҷро расидааст. Дар айни замон бунёдкорию созандагӣ идома дорнд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар деҳаи Баҳори шаҳр пули мошингузар мавриди истифода қарор дода шуд. Ин пул бо дарозии 12 ва паҳноии 9 метр бо саҳми сокинони деҳа сохта шуд. Ҳамчунин 340 метр роҳи ду тарафи пул мумфарш карда шудааст.
Инчунин дар деҳаи Навободи шаҳр сохтмони пули мошингузор идома дорад. Ин пул бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми сокинони маҳалла сохта мешавад. Ҳамчунин дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби соҳибкорон маркази ташхису табобат ва коргоҳи истеҳсоли трансформатор сохта, ба истифода дода мешавад.
Дар маҷмуъ, дар шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагиҳо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 760 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳоло дар зиёда аз 224 иншоот, аз ҷумла 48 бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, 4 бинои муассисаи тандурустӣ, 14 бинои муассисаи таълимӣ, 2 бинои муассисаи томактабӣ, 10 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ, 4 меҳмонхона, 4 бинои маъмурӣ, 15 иншооти варзишӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ сохтмон идома дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






