35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон беш аз 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешавад

Декабрь 12, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Бӯстон сохтмони 223 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 224 иншоот пурра сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.

Яке аз ин иншооти ҷашнӣ Маркази хизматрасонии «Дӯстӣ» мебошад. Иншооти замонавӣ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Садои дӯстӣ» сохта шудааст.

Маркази хизматрасонӣ, ки аз ду ошёна иборат аст, бо меъмории миллӣ ва тарҳи муосир бунёд гардида, ба симои шаҳр ҳусни тоза зам намудааст. Барои татбиқи лоиҳа зиёда аз 4 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Баъди ба истифода додани маркази хизматрасонӣ 40 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Декабрь 12, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад