Ҷаласаи навбатии Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ҷаласаи навбатии Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки зимни ҷаласа муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода доир ба тасдиқ намудани номгӯи моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои химиявии истифодаашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдода ва манъшуда гузориш дод.
Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ» дар ин ҷаласа гузориш пешниҳод намуд.
Раиси Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода доир ба амалӣ намудани низоми ягонаи рақамии бақайдгирии моддаҳои химиявӣ, воситаҳои химиявӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назар супоришҳои мушаххас дод.
Дар анҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






