АЗ ТОҶИКТА ТО АМИТ «ХОВАР». «Ховар» манбаи расмии иттилоот ва тарғибгари дастовардҳои соҳибистиқлолӣ аст
ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба таъсиси Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» 100 сол пур мешавад. АМИТ «Ховар» 31 декабри соли 1925 дар заминаи шуъбаи ТАСС дар Тоҷикистон таъсис ёфта буд, ки баъдан шуъба мақоми Агентии телеграфии Тоҷикистон (ТоҷикТА)-ро касб намуд. ТоҷикТА дар он давра асосан вазифаи қабули маводи ТАСС ва интишори онро тавассути рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷо оварда, ҳамзамон «Ахборномаи иттилооти маҳаллӣ»-и хурд мебаровард.
Ҳамчун мақомоти иттилоотии ҳукуматии ҷумҳурӣ ТоҷикТа иттилои саҳеҳу муътамадро дар бораи ҳаёти ҷумҳурӣ ва сиёсату иқтисод, дипломатия, илму фарҳанг, варзиш ва фаъолияти муҳими ҷамъиятии он ҷамъоварӣ ва паҳн мекард.
Агентӣ тадриҷан ба оинаи ҳаёти ҷомеа табдил ёфт. Иттилооти онро дигар воситаҳои ахбори омма бештар паҳн мекарданд. Он нахустин маротиба ибораҳои «Вахшстрой», «НБО Норак», «ТадАЗ», «Пахтаи маҳиннах», «Лимони Тоҷикистон» ва «Ёвон»-ро муаррифӣ намуд.
Бо гузашти вақт ТоҷикТа ба маркази асосии ҳамоҳангсози иттилоотии ҷумҳурӣ, дорои чандин бахшҳо-ҳайати эҷодию техникӣ, инчунин хабарнигорони махсус дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ табдил ёфт. Агентӣ мактаби бузурги эҷодии маҳорати журналистон ва тарҷумонон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) гардид.
Даврони соҳибистиқлолӣ давраи рушду пешрафти АМИТ «Ховар» ба ҳисоб меравад. 10 апрели соли 1992 ТоҷикТа ба Маркази иттилоотии Тоҷикистон (МИТ) «Ховар» табдили ном кард. Бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои роҳбарияти кишвар Агентии миллиии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар» 30 апрели соли 2004 дар заминаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми марказии давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Агентӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи воситаҳои ахбори омма, ки Тоҷикистон ба онҳо дохил аст, фаъолият мекунад.
АМИТ «Ховар» мақомоти марказии давлатии иттилоотӣ буда, вазифаи асосии он ҷамъоварӣ, паҳн намудани иттилоот доир ба масоили муҳими дохилӣ ва сиёсати хориҷии кишвар ва ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии он дар ҷумҳурӣ ва хориҷи он мебошад. Ахборномаи махсуси «Набзи Ховар» («Пульс Востока») ҳамарӯза (ба истиснои рӯзҳои истироҳатӣ) барои мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ ва сохторҳои байналмилалӣ омода карда мешавад.
АМИТ «Ховар» ҳамчун мақомоти марказии давлатии иттилоотӣ дорои ҳуқуқи эксклюзивии ҷамъоварӣ ва паҳни иттилоот ва санадҳои расмӣ оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуқуқи шарҳи онҳо мебошад.
Дар солҳои фаъолияти тӯлонии агентӣ дар он ҳайати хуби кадрҳои журналистӣ ба воя расид, ки дар бисёр воситаҳои ахбори омма ва дигар сохторҳо фаъолият доранд.
Асоси кори хабарнигоронро фаврият ва инъикоси воқеъбинонаю саҳеҳи рӯйдодҳо дар ҳаёти ҷумҳурӣ ташкил медиҳад. Иттилооти ҷамъовардаи онҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва ҳуруфоти форсӣ пахш мегардад.
Дар назди АМИТ «Ховар» аз соли 2011 инҷониб Корхонаи воҳиди давлатии Радиои «ҒМ Ховар» фаъолият мекунад, ки имрӯз яке аз маҳбубтарин радиоҳои мамлакат маҳсуб мешавад. Ин радио дар ҳар ним соат хабарҳоро оид ба муҳимтарин ҳодисаю рӯйдодҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон ба сокинони кишвар мерасонад. Ҳамзамон дар тамоми гӯшаю канори олам тавассути сомонаи АМИТ «Ховар» (www.khovar.tj) дар шабакаи ҷаҳонии Интернет шунидани барномаҳои Радиои «ҒМ Ховар» имконпазир аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Шаҳритус кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба кӯдакони Мактаб-интернати ноҳияи Балҷувон расонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 барои Тоҷикистони маҳбуб соли бобарору таърихӣ буд»
Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони ноҳияи Ашт расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Темурмалик расонида шуданд
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба хонандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан тақдим гардиданд
Оид ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди таҳсилоти касбӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Тоҷикистон нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд






