Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд

Декабрь 15, 2025 11:10

ДУШАНБЕ, 15.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12-13 декабр дар шаҳри Панҷакент Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор шуд, ки дар он маросими тақдими Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ ба шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, президенти Шурои байналмилалии ҳунармандӣ Саад-ал-Қаддуми дар вазъияти тантанавӣ ба раиси шаҳри Панҷакент Шаҳдатномаи узвияти шаҳри Панҷакентро ба феҳристи Шаҳрҳои байналмилалии ҳунармандӣ тақдим намуд. Шаҳри Панҷакент расман шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ эътироф гардид.

Дар фестивал иброз гардид, ки ҳунари сӯзанидӯзӣ дар ин шаҳри бостонӣ аз аҳди қадим, аз нақшҳо дар рӯи сафолу фулузот ва деворнигораҳо ибтидо гирифтааст. Давоми асрҳо анъанаи нақшпартоӣ ва дӯхтани сӯзанӣ идома ёфта, бо эътирофи Панҷакент чун Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ оид ба сӯзанӣ барои ҷаҳониён чун ҳунари асили миллати тоҷик муаррифӣ карда мешавад. Забони нақшҳои сӯзанӣ ба ҳама мардуми олам фаҳмо буда, барои имрӯзиён таърихро бозгӯӣ менамояд.

Ҳоло дар Панҷакент беш аз 2500 нафар занон ба дӯхтани сӯзанӣ машғул ҳастанд.

Дар доираи фестивал иштирокчиён бо намоишгоҳи намунаи ҳунарҳои мардумии косибони дигар давлатҳо шинос шуданд.

Дар растаҳои намунаи ҳунари мардумӣ намунаи ҳунарҳои мардумии минтақаҳои Тоҷикистон, ҳунармандони Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Русия, Туркия, Озарбойҷон, Булғористон ва дигар давлатҳо ба намоиш гузошта шуд.

Ба меҳмонон ва тамошобинон намунаи маснуоти кулолӣ, заргарӣ, дуредгарӣ, муҳрабофӣ, читгарӣ, қолинбофӣ, ороишоти миллӣ, рассомӣ, кундал, асбоби мусиқӣ, оҳангарӣ, кордсозӣ ва сабадбофии ҳунармандони давлатҳои иштирокчӣ писанд омад.

Ҳунармандон, ки бо намунаи ҳунарҳои ҳамдигар шинос шуданд, ташкили чунин чорабиниҳоро барои рушди ҳамкорӣ, истифода аз таҷрибаи ҳамкасбон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, васеъ намудани бозори маҳсулоти ҳунармандӣ ва дӯстии байни миллатҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Декабрь 15, 2025 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд