Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки «Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030»-ро қабул ва татбиқ намояд.
Тавре Сарвари давлат иброз намуданд, «бо назардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки «Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030»-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд.Ҳамзамон вазорату идораҳо доир ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон тадбирҳои иловагӣ андешанд».
Таъкид гардид, ки то имрӯз барои такмили маъмурикунонии андоз, тавсеаи ҳамкории фосилавӣ бо шаҳрвандону андозсупорандагон ва густариши иқтисоди рақамӣ дар доираи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025» тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд.
Тадбирҳои амалигардида ба рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии электронии давлатӣ, содагардонии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, инчунин ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва болоравии фарҳанги андозсупории соҳибкорон мусоидат намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






