Барои коркарди ҳиссаи бештари нахи пахта дар Тоҷикистон ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ чӣ бояд кард? Шарҳи коршиносон

Декабрь 12, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзию саноат ба ҳисоб меравад. Он дар мамлакат яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ дониста мешавад, зеро тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулот истеҳсол мегардад. Дар ҷумҳурии ҳанӯз ҳам  коркарди ҳиссаи бештари нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. АМИТ «Ховар» шарҳи коршиносонро доир ба аҳамияти пахтапарварӣ ва вазъи имрӯзаи корхонаҳои коркарди пахта пешниҳод менамояд.

Чаро дар Тоҷикистон кишти пахта коҳиш меёбад?

Тоҷикистон мамлакатест, ки аз рӯйи нишондиҳандаҳои хоку иқлим ва шароити парвариш аз дигар давлатҳо фарқ дорад. Аммо, мутаассифона, солҳои охир дар кишвар майдони кишт ва ҳаҷми ҷамъоварии пахта коҳиш меёбад. Агар соли 2022 зиёда аз 404 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда бошад, пас соли 2024 ҳамагӣ 254 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда шуд. Омили кам гардидани ҳосил ва майдони кишти онро коршиносони соҳа ба риоя нагардидани агротехникаи парвариш ва таъсири тағйирёбии иқлим рабт медиҳанд.

Имсол тибқи нақша бояд дар 186 ҳазору 883 гектар пунбадона кишт мегардид, аммо дар 155 ҳазору 024 гектар кишт гузаронида шуд, ки 83 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Масъулони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахтаро дар соли 2025  390 ҳазор тонна муайян намуданд.

Ба иттилои ин вазорат, аз аввали мавсим то 4 декабри соли равон кишоварзон 382 ҳазору 503 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Ҳосиннокӣ аз ҳар гектар 24,7 сентнериро ташкил намуд, ки 98,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Гуфта шуд, ки пахтаи ҷамъоваришуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  156 фоиз зиёд мебошад, яъне соли гузашта дар ин давра кишоварзон 245 ҳазору 036 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда буданд.

Аҳамияти пахтапарварӣ ва коркарди он

Тавре маълум аст, пахтаро бештар барои нахаш парвариш менамоянд. Ҳамзамон дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Яъне, пахта маҳсулоте мебошад, ки аз парвариш то коркард бе партов мебошад. Пахта маҳсулотест, ки назар ба дигар зироати кишоварзӣ метавонад манфиати иқтисодӣ ва даромади бештар оварад.

Тибқи таҳлили иқтисодчиён, аз 1 тонна пахта вобаста ба навъ ба ҳисоби миёна 300-350 кило нах ва 560-580 кило тухмӣ  гирифта мешавад. Аз ин миқдор нах 350-400  метри мураббаъ матоъ ва тақрибан 270  кило кунҷора ва 170 кило пасмондаи пӯсти чигит истеҳсол кардан мумкин аст.

Ба иттилои устоди   Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Зикриёхон Ҳайдаров, он пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш меёбад, аз 34 то 40 фоиз баромади нах дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ  супориш доданд, ки дар 2-3 соли оянда бояд ягон килограмм нахи пахта бе коркард ва бе маҳсулоти тайёр аз мамлакат берун бароварда нашавад.

Сарвари давлат бо таъкид изҳор доштанд, ки корхонаҳои коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, бахусус нахи пахта ва тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ бунёд гардида, минбаъд истеҳсолот пурра дар асоси пахтаи ватанӣ ба роҳ монда шавад.

Агар ин супориши Сарвари давлат амалӣ гардад, имконият медиҳад, ки Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба давлати содироткунандаи маҳсулоти босифати саноатӣ табдил ёфта, дар ин баробар вобастагии бозорҳои мамлакат аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш ёбад.

Дар Тоҷикистон иқтидори захираи ашёи хом барои соҳаи саноати сабук мавҷуд аст?

Дар мамлакат саноати сабук бо назардошти дастрас будани ашёи хоми маҳаллӣ, хусусияти меҳнатталабӣ, ки ба ташкили шумораи зиёди ҷойи кор мусоидат мекунад ва қобилияту имконияти васеи бо маҳсулоти тайёр таъмин намудани аҳолӣ соҳаи муҳим ба ҳисоб меравад.   Дар саноати сабук афзалият ба соҳаи коркарди нахи пахта дода шуда, ба рушди он аҳамияти хосса дода мешавад. Чунки дар Тоҷикистон иқтидори захираи ашёи хом барои ин соҳа мавҷуд буда, ҳамасола ба ҳисоби миёна аз 100 то 120 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол карда мешавад.

Тибқи иттилои Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи январ то октябри соли равон аз ҷониби корхонаҳои ресандагӣ беш аз 14 ҳазор тонна ресмони пахтагин истеҳсол гардидааст. Дар Тоҷикистон 14 корхонаи ресандагӣ фаъолият мекунад. Аз шумораи умумии корхонаҳои коркарди нахи пахта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ИИ Нассоҷии Тоҷик»-шаҳри Душанбе, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷавонӣ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «САТН»-и шаҳри Хуҷанд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саноати Ашт», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Органик Ян»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» маҳсулоти гуногун, аз қабили либосворӣ, матоъ ва ҷӯроб истеҳсол карда мешаванд.

Ислоҳоти солҳои охир дар ин соҳа амалишуда ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат карда, аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ ба соҳаи коркарди нахи пахтаи мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Фаъолияти самараноки Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил», ки бо шарикони чинӣ амалӣ гардидааст, заминаи устувор дар рушди соҳаи коркард ба шумор меравад. Дар маҷмуъ иқтидори солонаи корхонаи мазкур коркарди 24,5 ҳазор тонна нахи пахтаро ташкил дода, дар он барои ҳазорҳо нафар сокинон ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст. Бо истифода аз технологияи истеҳсоли ширкатҳои Италия, Швейтсария, Олмон ва Чин дар 10 моҳи соли равон дар корхона зиёда аз 3,4 тонна нахи пахта, 11,1 ҳазор тонна ресмони пахтагин, 2,8 миллион метри мураббаъ матои кешбофӣ, 7,6 миллион метри мураббаъ матои пахтагин, 69 миллион ҷуфт дастпӯшакҳои корӣ, 37 миллион дона борхалта ва 1,9 миллион дона либоси варзишӣ истеҳсол карда шудааст. Маҳсулоти тайёри корхона ба давлатҳои Русия, Туркия, Беларус, Полша, Озарбойҷон, Чин ва Покистон содирот карда мешавад.

Бо  вуҷуди тадбирҳои  андешида дар  ин самт ҳанӯз ҳам  коркарди ҳиссаи бештари нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ то ба ҳол дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Аз ин рӯ, қисми зиёди нахи пахтаи истеҳсолшаванда аз мамлакат дар шакли ашёи хом берун бурда мешавад, ки ин ба нафъи иқтисодиёти мо нест.

Коркарди пурраи ашёи хоми пахта дар мамлакат чӣ манфиат дорад?

Коршиносон мегӯянд, ки агар дар дохили мамлакат нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ коркард ва ба фурӯш бароварда шавад, арзиши он назар ба ашёи хом то 80 маротиба афзоиш меёбад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, “Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2040” қабул гардидааст. Стратегия бо мақсади амалигардонии имконияту иқтидори истеҳсолӣ, амалӣ намудани технологияҳои муосир, беҳтар гардонидани сифати молу маҳсулот ва хизматрасониҳо, кам кардани хароҷоти барзиёд, дурусту мақсаднок истифода намудани ашёи хоми пахта, сода ва шаффоф гардонидани тартиби танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ таҳия гардидааст.

Зикриёхон Ҳайдаров ба он назар аст, ки ҳангоми коркард кардани нахи пахтаи хом  дараҷаи даромаднокии он нисбат ба парвариши зироати ғалла 8 маротиба бештар мешавад. Ҳангоми коркарди пурраи ин ашёи саноатӣ аҳамияти пахтапарварӣ нисбат ба ғаллапарварӣ 25 маротиба зиёдтар мегардад.

Агар корхонаҳои мо аз парвариш то истеҳсоли ниҳоии маҳсулоти пахтагинро дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ намонанд, ҳавасмандӣ ба ин соҳа зиёд намешавад. Тибқи таҳлили  мутахассисони соҳа, агар 100 ҳазор тонна нахи пахта дар дохили мамлакат коркард шавад, аз он метавон аз 350 то 400 миллион метри мураббаъ матои гуногун истеҳсол кард. Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар мусоҳибааш бо рӯзномаи «Ҷумҳурият»  баён намуд, ки «агар 140 тонна нахи пахтаро дар дохил коркард кунем, метавонем ба маблағи 2,8 миллиард доллар маҳсулот истеҳсол намоем».

Коршиносон иброз менамоянд, ки барои коркарди ҳиссаи бештари нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бояд пахта бештар истеҳсол ва деҳқонон ҳавасманд карда шаванд, инчунин  технологияи муосир барои кишти пахта истифода гардад.

Ҳамзамон барои равнақ додани коркарди пахта дар мамлакат корхонаҳои азим бо иқтидори васеъ ба роҳ монда шуда, технологияҳои муосир ворид ва шарикони рушд бештар ҷалб карда шаванд. Афзоиши корхонаҳои коркарди пахта дар мамлакат  имкон медиҳад, ки садҳо ҷойи нави кор таъсис шуда, маҳсулоти ватанӣ афзоиш ёбад. Танҳо дар ҳолати истеҳсоли ниҳоии маҳсулот мо метавонем ҳам бозорҳои дохилиро бо маҳсулоти худӣ таъмин намоем, ҳам содиротро бештар созем ва ҳам дар ғанӣ гардонидани буҷети мамлакат  ҳисса гузорем.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 12, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ШУРОИ МИЛЛИИ ОБ. Он ба истифода, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
Имрӯз таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
Файзиддин Қаҳҳорзода дар Риёз дар ҷаласа доир ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимӣ ва устуворӣ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошка вусъат меёбад
Дар Душанбе ҷаласаи якуми Шурои миллии об баргузор гардид
Вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҳамкориро рушд медиҳанд
Доир ба тақвияти рақамикунонии вазифаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи грантӣ ба имзо расид
Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
Дар Риёз маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ дар Тоҷикистон бо ширкати «Acwa Power» дар Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар конференсияи молиявии рушд дар шаҳри Риёз иштирок намуд