Дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ — Ҷопон» ҳамоиши канории «Tajik-Japan Digital Business Connect» баргузор шуд

Декабрь 18, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон ва иштирок дар Муколамаи «Осиёи Марказӣ — Ҷопон»  якчанд ҷаласа ва вохӯриҳои дуҷониба баргузор гардиданд, ки ба таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон дар самтҳои калидӣ равона шуда буданд.

Тавре аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз дар шаҳри Токио бо мақсади муаррифии зарфият ва имконияти соҳаи технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Tajik-Japan Digital Business Connect» ҳамоиши канорӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Ҳамоиш ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ равона гардида, дар он резидентҳои «IT Park Dushanbe» ва ширкатҳои пешрафтаи соҳаи «IT»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Намояндагони ширкатҳои ватанӣ бо ширкатҳо ва доираҳои соҳибкории Ҷопон вохӯриҳои судманд анҷом дода, таҷрибаи пешқадам, имконияти ҳамкорӣ, лоиҳаҳои муштарак ва маҳсулоту хизматрасонии рақамиро муаррифӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои рушди стартапҳо, ҷалби сармоягузорӣ, содироти хизматрасониҳои рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва густариши робитаҳои мустақими тиҷоратӣ баррасӣ гардиданд.

Баргузории ин ҳамоиш қадами муҳим дар самти муаррифии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ мебошад.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 18, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад