Дар Душанбе ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид

Декабрь 19, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Платформаи миллӣ-муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласа бо мақсади пурзӯр намудани фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор ва густариши ҳамкории мақомот бо шарикони рушд гузаронида шуд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки дар Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои паст намудани хавфи офатҳои табиӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мегардад.

Маҳз бо мақсади ҳалли ин масъалаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми муҳим пеш гирифт. Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳо шуда, Платформаи миллӣ таъсис дод ва «Стратегияи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034»-ро бо ҳадафҳои мушаххас қабул намуд.

Офатҳои табиӣ ҳамасола сабаби талафоти ҷонӣ ва зарари зиёди молию моддӣ мегарданд. Аз ҷумла, ба маҳаллаҳои аҳолинишин таъсири манфӣ расонида, боиси харобшавии инфрасохтор ва монеи рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии давлатҳо мегарданд. Аз ин рӯ масъалаи паст кардани хавфи офатҳо аз ҷумлаи масъалаҳои рӯзномаи глобалӣ, ба монанди обу иқлим мебошад.

Ҳамчунин зимни ҷаласаи Платформаи миллӣ гуфта шуд, ки давоми чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон беш аз 1000 пирях об шуда, пиряхҳои калонтарин аз лиҳози ҳаҷм ва масоҳат кам гардидаанд.

Маҳз ба ҳамин хотир Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуданд, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад сабаби оқибатҳои манфӣ гардад. Ҳамин буд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Аъзо ва иштирокчиёни ҷаласаи Платформаи миллӣ доир ба масъалаи рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва истифодаи самараноки воситаҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ҷудогардида табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2012 таъсис дода шудааст.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 19, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид