Дар Душанбе ҷилди нави китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» рӯнамоӣ гардид

Декабрь 27, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 27.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва  эҳёи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷилди XXXVII китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» рӯнамоӣ гардид. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои  манбаъ, китоби нави «Ваҳдат, Давлат, Президент» идомаи силсилакитобҳои «Ваҳдат, Давлат, Президент» буда, фарогири мақолаҳои илмӣ оид ба  марҳилаҳои муҳимми давлатсозӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, сиёсати сулҳҷӯёна ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Дар маросими рӯнамоӣ гуфта шуд, ки китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» ҳамчун  беҳтарин  армуғони маънавӣ ва  манбаи муҳимми таърихӣ ва сиёсӣ барои олимон, донишҷӯён ва аҳли ҷомеа хизмат намуда,  дар таҳкими худшиносии миллӣ ва  давлатдорӣ нақши муҳим дорад.

Ҳамчунин зимни ҷаласа фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам зимни пешниҳоди ҳисобот таъкид намуд, ки соли 2025 барои Ҳаракат марҳилаи пурмаҳсулу натиҷабахш буда, фаъолияти он ба татбиқи сиёсати давлатии ваҳдати миллӣ, таҳкими суботи ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву шаҳрвандии аҳолӣ равона гардидааст.

Гуфта шуд, ки дар давоми соли 2025 як қатор ҳамоишҳо, конфронсҳо, вохӯриҳои маърифатӣ, чорабиниҳои тарбиявию фарҳангӣ ва мулоқотҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардид, ки ба густариши ғояҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагии миллӣ ва баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намуданд.

Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов сухан гуфта, саҳми Шурои куҳансолонро дар ҳифзи суботи ҷомеа ва интиқоли таҷрибаи таърихию ахлоқӣ ба насли ҷавон муҳим арзёбӣ кард. Ӯ иброз намуд, ки Шурои куҳансолон ҳамчун неруи маънавӣ ҳамеша дар тарбияи насли худогоҳ, ватандӯст ва масъули ҷомеа нақши муассир мебозад.

Идомаи ҷаласа ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.

Иштирокчиён мазмуни Паёмро ҳамчун барномаи мукаммали рушди давлат ва ҷомеа арзёбӣ намуда, самтҳои калидии сиёсати дохиливу хориҷиро мавриди таҳлил қарор доданд.

Аз ҷумла, такъид гардид, ки Паём аҳаммияти фарогир дорад ва ба рушди маънавию фарҳангии ҷомеа, боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ ва таҳкими маърифати сиёсӣ равона шудааст.

Тазаккур дода шуд, ки таълим ва илмомӯзӣ дар Паём ҳамчун воситаи асосии ташаккули ҷомеаи солим ва пешрафта муайян гардидааст. Иҷрои дастурҳои Пешвои миллат аз ҳар шаҳрванд дарки масъулияти баландро талаб мекунад, зеро татбиқи онҳо ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Дар идома иброз гардид, ки Паёми Роҳбари давлат ба таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ, боло бурдани сатҳи маърифати сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ равона шудааст.

Дар фарҷоми ҷаласа масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, пешниҳодҳо оид ба густариши фаъолияти минбаъдаи Ҳаракат ироа шуданд. Ҳамчунин, вазифаҳои афзалиятнок барои соли 2026 муайян гардида, тақвияти ҳамкории сохторҳо ва идомаи корҳои маърифатӣ ҳамчун самтҳои асосии фаъолияти минбаъда таъкид гардиданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон                         

Декабрь 27, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«САДОИ ВАҲДАТ». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ консерти байналмилалӣ баргузор мешавад
Муовини Сарвазири Бошқирдистон дар Осорхонаи миллӣ бо марҳилаҳои рушди давлатдории тоҷикон шинос гардид
Доир ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Душанбе таҳти унвони «Забон — рукни муҳими Ваҳдати миллӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» доир мешавад
Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сирк доир мегардад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе конфренсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» доир мегардад