Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид

Декабрь 11, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар ҷомеаи муосир яке аз омилҳои асосии таҳкими давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувор ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон ҳамчун аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон содиқ мемонад.Ин матлаб 10 декабр зимни  ҷаласа бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар мавзуи «Ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласа иштирокчиён доир ба аҳамияти Рӯзи ҳуқуқи инсон, дастовардҳои мамлкат дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ сухан гуфтанд. Гуфта шуд, ки мардуми Тоҷикистон аз рӯзҳои аввалини соҳибистиқлолӣ озодии инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯро муқаддас шуморидаанд.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои муҳими илмӣ, амалӣ ва қонунгузориро ба роҳ монд, ки натиҷаи онҳо аз ҷониби мутахассисони дохилию хориҷӣ баҳои баланд гирифтанд.

Сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Абдумумин Муродиён гуфт, ки «ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҳама давраҳо арзиши асосии ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб меравад. Идеяи озодӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва дар тамаддуни башарӣ шахсиятҳое буданд, ки ба ин арзишҳо такя мекарданд».

Ҳамчунин иброз гардид, ки арзишҳо — озодӣ, адолат, баробарӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон то имрӯз аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, илҳомбахши рушди ҷомеаҳои муосир мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин меъёрҳои умумибашарӣ содиқ буда, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани манзалати инсон дар ҷомеа тадбирҳои муҳим меандешад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид