Дар Панҷакент бинои иловагии муассисаи таълимӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 дар шаҳри Панҷакент сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 идома дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, сохтмони ин қисмати бинои таълимгоҳ аз солҳои қаблӣ нотамом монда буд. Ҳоло бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корҳои сохтмонӣ ва навсозии он идома доранд.
Дар шаҳри Панҷакент ҳамчунин сохтмони якчанд иншооти гуногун идома дорад.
Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Маркази технологии «Маърифатпарвар» ва сардхона барои нигоҳдории меваю сабзавот сохта, ба истифода дода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд






