Дар Париж доир ба татбиқи қатъномаи «Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ, 2025-2034» ҷаласа баргузор гардид

Декабрь 11, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ҷаласаи Гурӯҳи кории махсус вобаста ба татбиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи амал оид ба илмҳои  криосферӣ, 2025-2034» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа ба нақши пешбарандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба обу иқлим ишора шуда, аҳамияти татбиқи ин қатънома мубрам ва саривақтӣ арзёбӣ гардид.

Намояндаи Тоҷикистон оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки пойгоҳи он барои таҳкими ҳамкорӣ дар масъалаҳои обу иқлим, инчунин илмҳои криосферӣ муҳим мебошад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд