Дар вилояти Суғд ба маблағи беш аз 836 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст
ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 ба иқтисодиёти вилояти Суғд ба маблағи 836,9 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст,ки баробари 105,2 фоизи ҳаҷми сармоягузории ҷалбшуда дар ҳамин давраи соли 2024 мебошад. Дар ин хусус зимни баргузории иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, барои фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар соли 2025 тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.
Ҳамзамон 631,3 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва 205,6 миллион доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи рушди сохтмони биноҳои баландошёна ҳаҷми сармоягузории соҳибкорони ватанӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1,5 баробар афзудааст.
Ҳамчунин дар нуҳ моҳи соли 2025 воридоти сармояи мустақим ба маблағи 187,3 миллион доллар ва ҳар гуна сармоягузориҳо ба маблағи 421,2 миллион доллар ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят равона гардидааст.
Соли 2025 ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба истифода додани 140 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ пешбинӣ гардидааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида давоми 11 моҳи соли 2025 дар миқёси вилоят 133 корхонаю коргоҳи нав бо 1442 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ намуд. Корхонаҳои навтаъсис асосан корхонаҳои соҳаи саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва сабук буда, ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид






