Доир ба нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.
Иброз гардид, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки бисёре аз давлатҳои пуриқтидор худро давлатҳои тамаддунӣ муаррифӣ намуда, рушду суботашонро ба решаҳои таърихӣ ва фарҳангии худ вобаста медонанд.
Ҷомеае, ки дар масъалаи ҳувияти таърихӣ ва тамаддунӣ ҳамфикрии умумӣ надорад, дар шароити рақобатҳои ҷаҳонӣ наметавонад устувор бошад. Ин масъала барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муҳим мебошад, зеро ташаккули ҳамфикрии ҷомеа вобаста ба мансубияти таърихӣ ва фарҳангӣ заминаи муҳими таҳкими давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.
Зимни конференсия ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабр пешниҳод шуд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди ташаббусҳои муҳим дар самти эҳё ва муаррифии мероси тамаддунии ниёгон, аз ҷумла тавассути бунёди Маркази тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз мавқеи давлати миллии моро ҳамчун вориси тамаддунҳои куҳан, аз ҷумла тамаддуни ориёӣ равшан муайян намуданд.
Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 ба таҳкими ҳамфикрии умумимиллӣ ва худшиносии таърихӣ равона гардидааст.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода изҳор дошт, ки нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ на танҳо мавзуи илмӣ, балки масъалаи амнияти маънавӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлат мебошад.
«Вазифаи мо, аҳли ҷомеа он аст, ки ин меросро амиқ омӯзем, дуруст муаррифӣ намоем ва онро ба омили муттаҳидкунандаи ҷомеа табдил диҳем», – баён дошт Хайриддин Усмонзода.
Инчунин дар конференсия таҳлилу баррасии якчанд масъалаи мубрам, аз ҷумла равандҳои давлатсозию миллатсозӣ дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ, консепсияи тамаддунии шинохти масоили геосиёсии муосир, зарурати шинохти тамаддунӣ дар ҷаҳони муосир, ташаккули давлатҳои миллӣ дар заминаи осори тамаддунӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ дар чорчӯби тамаддуни ниёгон, айнияти тамаддунӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва постмодерн, таъсири равандҳои геосиёсию тамаддунӣ ба рушди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти фарҳангии мамлакат, инчунин таҳдиду чолишҳои фарҳангию тамаддунии муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тазаккур дода шуд, ки давлатсозӣ ва миллатсозӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки дар ҳар ҷомеа аҳамияти хоси худро дошта, дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ бо умумият ва соҳибихтиёрӣ фарқ мекунанд.
«Масъалаи фарҳанг ва тамаддун ҳамеша дар меҳвари сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои арҷгузорӣ ва ҳифзи тамаддуни бостонии миллати тоҷик иқдоми ҷасурона ва сарнавиштсоз амалӣ карда мешаванд», – таъкид гардид дар конференсия.
Иштирокчиён доир ба роҳҳои таҳкими худшиносии миллӣ, истифодаи иқтидори тамаддунӣ дар сиёсати давлатӣ ва нақши ниҳодҳои илмӣ дар муаррифии мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон андешаҳои судманд баён намуданд. Гуфта шуд, ки идомаи чунин ҳамоишҳо ба таҳкими ҳамфикрии илмӣ ва рушди сиёсати фарҳангию тамаддунии мамлакат мусоидат мекунад.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид






