«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
ДУШАНБЕ, 14.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 10 декабр зимни иҷлосияи 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Деҳлии Нав номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги суманакпазӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Суманак аз дигар таомҳои наврӯзӣ чӣ фарқ дорад ва чаро он байни мардуми тоҷик ва минтақа маъмул аст? АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ асосан дар ҷашни Наврӯз омода карда мешавад. Суманак инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар байни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту Замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.
Бояд гуфт, ки табибон дар бораи хусусиятҳои табобатии суманак андешаҳои зиёд доранд. Аз ҷумла, онҳо таъкид менамоянд, ки дар таркиби суманак витаминҳои Е (ба унвони антиоксидони қавӣ ва беасаркунандаи радикалҳои озод дар бадан) ва навъҳои гуногуни витамини В мавҷуданд, ки масрафи он зимни бо каллория таъмин намудан барои ҳифзи ҷавонӣ ва саломатӣ низ тавсия мешавад. Он ҳамчунин барои таскини асабҳо, тақвияти неруи биноӣ ва пешгирӣ аз хасташавӣ мусоидат мекунад.
Ҳамчунин олимон дар таркиби майсаи гандум 18 аминокислота, витаминҳо (В1, В2, В3, В5, В6, РР, Е, F), микроэлементҳо ва моддаҳои минералӣ (фосфор, калий, магний, сулфур, калсий, хлор, натрий, манган, руҳ, молибден ва ғайра)-ро пайдо кардаанд, ки барои организм ниҳоят зарур мебошанд. Дар таркиби майсаи гандум ҳамчунин витамини С, клетчатка, гемотселлюлоза ва пектинҳо вуҷуд доранд, ки коҳиши онҳо дар организм сабаби ихтилоли фаъолияти аъзои гувориш (ҳозима) мегардад.
Бинобар ин, суманак барои муолиҷаи дисбактериоз, атеросклероз ва бемории санги талхадон аҳамияти калон дорад. Истеъмоли суманак барои рафъи фарбеҳӣ ва пешгирии диабети қанд низ муҳим аст. Дар мавриди мунтазам истифода намудани суманак иммунитет тақвият ёфта, организм ба таъсироти бемориҳо тобовар мегардад, мубодилаи моддаҳо ба низом омада, фаъолияти дилу рагҳо, силсилаи устухон, асаб, аъзои таносул ва ғадуди сипаршакл беҳтар мешавад. Он ба бемориҳои экзема ва реши меъда шифо мебахшад, босираро қавӣ ва сабзиши мӯйро барқарор менамояд, хунро тоза карда, ба ҳосил шудани гемоглобин кумак мерасонад, авитаминоз, камхунӣ ва пирии бармаҳалро пешгирӣ мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд






