«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Дар Бадахшон даври вилоятии озмун ҷамъбаст гардид

Декабрь 10, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» баргузор гардид, ки дар он ғолибони  даври якуми озмун аз шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва ноҳияи Ишкошим иштирок намуда, дастовардҳои оилавии худро ба намоиш гузоштанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар асоси хулосаи ҳайати Комиссияи вилоятии озмун Зӯҳро Сулаймонова аз ноҳияи Дарвоз ҳамчун хушдомани беҳтарин сазовори ҷойи якум гардид.

Ҷойи дуюм насиби хушдомани беҳтарин аз ноҳияи Рӯшон Давлатсултон Юсуфбекова гардида, ҷойи сеюмро  Меҳринигор Шомамадова  аз шаҳри Хоруғ сазовор шуд.

Инчунин Мадия Шарипова аз ноҳияи Ванҷ, Назарбахт Ёралиева аз ноҳияи Шуғнон, Санам Фарҳодова аз ноҳияи Ишкошим ва Давлатбегим Рамоншоева аз ноҳияи Роштқалъа бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ хушдоманҳои беҳтарин дониста шуданд.

Ғолибони озмун аз рӯйи талаботи нақши хушдоман дар таҳкими муносибатҳои оиладорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ чун омили таҳкиму пойдории оила, саҳми хушдоман дар сарфаю сариштакорӣ ва рӯзгордорӣ, солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи дурусти фарзандон, саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак ва маҳалла, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ҷалби фарзандон ба хизмати Ватан муайян карда шуданд. Хушдоманҳои беҳтарин бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» соли дуюм аст, ки дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» баргузор мешавад.

Ҳадафи баргузории озмун баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоию фарҳангӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, солиму устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн мебошад.

Воқеан ҳам давлат ва ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои ҳуқуқию иҷтимоии марбут ба солимӣ ва пойдории оила таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ғамхорӣ нисбат ба модару кӯдак, таъмини шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи фарзандон, дастгирии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, пиронсолӣ ва хизматрасониҳои зарурии тиббиро кафолат медиҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо дар мавриди пойдории оила таъкид медоранд, ки падару модарон бояд дар масъалаи таълиму тарбияи фарзанд ва рушди оила масъулиятнок бошанд. Доир ба ин масъалаи муҳими зиндагӣ Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2022 зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе чунин иброз доштанд: «Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунанд».

Дар ин замина яке аз мақсадҳои асосии «Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон» низ баланд бардоштани маърифати оиладорӣ мебошад.

Дар доираи ин барнома бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, мониторинг ва арзёбии амалисозии барномаҳои соҳаи кор бо занон ва оила дар шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.

Чунин чорабиниҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва озмунҳои маърифатӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, фаъолгардонии нақши занону модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, фароҳам овардани имконияти равонию ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон, дастгирии оилаҳои ҷавон, арҷ гузоштан ба расму ойинҳои миллии оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуби ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсиррасон баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади танзими муносибатҳои оилавӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои модару кӯдак ва дигар масъалаҳои вобаста ба оила то ин муддат дар мамлакат беш аз 60 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардидааст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 10, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ! Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои истифодаи онро риоя намоед
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳо равона шудааст
Форум оид ба натиҷаҳо ва устувории «Барномаи рушди тандурустӣ барои солҳои 2021-2025» доир карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — АМАЛИСОЗАНДАИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ. Аз таъсиси он 31 сол сипарӣ гардид
ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН — АРЗИШИ ОЛӢ. Бардошт аз ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон
Дар Шаҳринав дар мавзуи ваҳдату ҳамгироӣ ва дӯстии халқу миллатҳо вохӯрӣ доир шуд
Бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми зимистон 1-2 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҷаласаи панҷуми Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ иштирок намуд
САДОИ ҚАЛБИ ҲАМСАФОНИ БУРУНМАРЗӢ. Ба Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида мешавад