ИМРӮЗ — РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. Маҳз онҳо ояндаи энергетика, саноат, металлургия, сохтмон, ҳатто амнияти иқтисодиро пешакӣ муайян менамоянд
ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо пуштибонӣ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи геология ва саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ марҳила ба марҳила рушд намуда, ба яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт.
— Имрӯз дар ҷумҳурӣ истеҳсолу коркарди маъданҳои арзишманд — сурб, руҳ, тилло, нуқра, мис, қалъагӣ, сурма, симоб, булӯри кӯҳӣ, флорит ва сангҳои қиматбаҳое, чун лаъл, фирӯза, ёқут ва лоҷувард вусъати тоза пайдо кардааст. Ҳамзамон истихроҷи нафт, гази табиӣ, ангишт, масолеҳи сохтмонӣ, намаксанг ва обҳои минералӣ низ ба таври мунтазам баланд бардошта мешавад. Ҳамаи ин равандҳо ба беҳбуди иқтисоди миллӣ, пуршавии буҷет ва таҳкими иқтидори саноати мамлакат заминаҳои устувор мегузоранд.
93 фоизи масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ин омил имконияти нодир барои рушди соҳаҳои кӯҳкорӣ, геология ва металлургия фароҳам меорад. Бо назардошти ҳамин аҳамияти бузург дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идҳо» ҳамасола 9 декабр Рӯзи геологҳо таҷлил мегардад.
Таҷлили Рӯзи геология на танҳо арҷгузорӣ ба заҳмати шабонарӯзии мутахассисони соҳа, балки инъикоси аҳамияти илмии геология барои давлати муосири тоҷикон мебошад. Ин рӯз ба мо хотиррасон мекунад, ки сарвати миллӣ танҳо бо меҳнат, дониши илмӣ ва масъулиятшиносӣ ба даст меояд.
Дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус ба истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ равона гардидааст. Дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои ҷустуҷӯӣ, геофизикӣ ва геохимиявӣ бо усулҳои муосир ба роҳ монда шуда, харитаҳои рақамии геологӣ таҳия мешаванд. Ин иқдом барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ворид намудани технологияҳои нави истихроҷӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ҳамеша вазифаи пурмасъулияти геологҳоро таъкид мекунанд: «Омӯзиш ва мавриди истифода қарор додани бойигариҳои зеризаминӣ кори осон нест. Онҳо худ ба худ ба хазинаи давлат ворид намешаванд. Ҷустуҷӯ, истихроҷ ва коркарди онҳо заҳмат, хароҷот ва вақти зиёд талаб менамояд». Ин суханҳои дурбинонаи Пешвои миллат барои мутахассисони соҳа роҳнамо ва илҳомбахш буда, моро водор месозанд, ки барои ғанӣ гардонидани боигариҳои табиӣ, рушди саноати кӯҳӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат талоши бештар намоем.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21 декабри соли 2021 дастовардҳои асосии иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар сӣ соли истиқлолият таҳлилу баррасӣ намуда, ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Сарвари давлат, аз ҷумла иброз намуданд, ки «бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд».
Барои рушди саноати маъдан ва дигар соҳаҳои саноати коркард соли 2021 Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021 – 2030 қабул гардид.
Яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодиёт ва саноати мамлакатро истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ ба манфиати хоҷагии халқи мамлакат, баланд бардоштани вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ ва некуаҳволии мардум ташкил медиҳад. Ин аст, ки Президенти Тоҷикистон дар ҳар суханрониашон сифатан истеҳсолу истеъмол кардани маъданҳои нодир ва канданиҳои фоиданоки ҷумҳуриро ҳамеша ёдовар мешаванд.
Доир ба рушди геология ва манфиати он барои ҷомеа ва имконияти мавҷудаи мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо чунин гуфтанд: «Тоҷикистон сарзамини пур аз ганҷу сарватҳои табииву зеризаминӣ мебошад. Аммо ин боигарӣ то ҳанӯз кам омӯхта шудааст ва барои истихроҷу коркарди он ба кадрҳои баландихтисос ниёз дорад».
Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи геология бисёр бузург аст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбариашон ба рушди илму техника, бахусус илми геология ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, борҳо дар суханрониҳо таъкид намудаанд, ки канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон сарвати миллатанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад заминаи мустаҳками рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат гардад. Аз ҷумла, дар яке аз суханрониҳо чунин гуфтанд: «Тоҷикистони мо ҷумҳурии ганҷҳову табиати худодод ва биҳишти воқеии рӯи Замин буда, табиати нотакрору бойигариҳои зеризаминии он метавонанд чун омили мустаҳкам шудани имконияти иқтисодӣ, тавоноии давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум хизмат намоянд. Барои ин моро зарур аст, ки ин сарватҳои зеризаминиро самараноку оқилона истифода намоем».
Таҳлилҳо ва натиҷаҳои сиёсати амалигардида шаҳодати онанд, ки Пешвои миллат ин соҳаро ҳамчун яке аз омилҳои муҳими таъминкунандаи амнияти иқтисодӣ, энергетикӣ ва саноатии мамлакат арзёбӣ намуда, дар ин самт ташаббусҳои зеринро ба роҳ монданд: ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва ба роҳ мондани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар шартномаҳои соҳаи маъдан, таҷдиди назар ва такмили қонунгузорӣ дар бахши истифодаи захираҳои табиӣ ва инкишофи илму техника дар самти геология бо дастгирии пажӯҳишгоҳҳои илмӣ.
Геология барои тоҷикон илм ва касби нав нест. Аз давраҳои қадим гузаштагони мо дар кандакорӣ, маъданёбӣ ва сангшиносӣ таҷрибаи бой доштанд. Таҳқиқоти археологӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки кӯҳкории асрҳои IX–X дар сарзамини мо ба дараҷаи хеле баланд рушд карда буд. Маъданшиносону кӯҳкорони тоҷик конҳои металлҳоро ба таври хеле дақиқ шинохта, аз онҳо истифода менамуданд.
Донишмандони бузург Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ асосгузорони илми минералогия ба шумор мераванд. Онҳо хосиятҳои минералҳоро бо аниқӣ тавсиф карда, сахтӣ, зичӣ, таркиб ва хелҳои ҳамроҳи онҳоро муайян намудаанд. Ҳатто якчанд номи минералҳои имрӯза дар илм аз истилоҳоти тоҷикии қадим бармеоянд. Минерали «заргун», ки имрӯз бо номи «сиркон» машҳур аст, яке аз ҳамин намунаҳост. Олими машҳур Литвинов менависад, ки тоҷикон сангҳои сунъӣ – синтетикӣ сохтанро хеле барвақт ёд гирифта буданд, дар ҳоле, ки ин ҳунар аз тарафи олимони Аврупо фақат дар асри ХIХ кашф ва истифода шудааст.
Барои насли ҷавони тоҷик имрӯз зарур аст, ки бо андӯхтани илмҳои замон ва истифода аз таҷрибаю иттилооти геологӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат саҳм гузоранд. Имрӯз геология яке аз серхаридортарин касб буда, маоши геологҳо дар бозори ҷаҳонии меҳнат хеле баланд арзёбӣ мегардад. Чунки маҳз геологҳо дар шароити гуногун фаъолият намуда, на ба сардӣ нигоҳ мекунанду на ба гармӣ. Онҳо танҳо барои пешрафт ва натиҷаи мусбат гирифтан амал менамоянд. Геологҳо ояндаи замин ва вазъи қишрҳоро пешгӯӣ намуда, барои садсолаҳо барномарезӣ мекунанд, ки ин ба мавҷудияти башарият ва барномасозии он мусоидат менамояд. Кашф намудани конҳо, канданиҳои фоиданок, маъданҳо, сангҳои қиматбаҳо, обҳои зеризаминӣ ва умумияти зиёде, ки ба заминшиносӣ ва замин марбут ҳастанд, натиҷаи кори геологҳо мебошанд.
Саҳми онҳо дар пешрафти башарият беандоза бузург аст. Зеро маҳз геологҳо ояндаи энергетика, саноат, металлургия, сохтмон, кишоварзӣ ва ҳатто амнияти иқтисодиро пешакӣ муайян менамоянд. Нақши олимони тоҷик дар баробари олимон ва пажуҳишгарони ҷаҳонӣ низ хеле назаррас мебошад ва олимони мо ҳам фаъолияти назаррас доранд. Аз ҷумла, геологҳои маъруф С.Юсупова, Р. Баротов, М.Ҷалилов, А.Файзиев, С.Бобохоҷаев, Ф.Ҳакимов, Х.Юсупов, М.Ҳамидов, М.Акрамов, В.Дӯстматов, А.Қориев, Х.Тоҷиддинов, Г.Очилов, Ғ.Тоҷибоев, С.Алиев, Х.Назаров ва дигарон дар пешрафти соҳа саҳми беназир гузоштаанд.
Дар асарҳои шоирони классикону муосир ва эҷодиёти даҳонакии халқ аз давраҳои қадим сангҳои қиматбаҳоро васф намуда, ба онҳо маънии рамзӣ ва зебоӣ бахшидаанд. Лаъли Бадахшон, фирӯза, ёқут, марворид ва дигар ҷавоҳирот дар ашъори тоҷикӣ ҷойи хос доранд, ки ин як навъи ҳуҷҷати таърихӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Дар васфи санги лаъли Бадахшон Саъдии Шерозӣ чунин гуфтааст:
Гар санг ҳама лаъли Бадахшон будӣ,
Пас, қимати лаълу санг яксон будӣ.
Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 800 кон ва зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф шудааст, ки дорои беш аз 60 навъ ашёи хоми маъданӣ ва ғайримаъданӣ мебошанд. Бо вуҷуди ин, ҳамагӣ 27 фоизи онҳо истихроҷ ва коркард мешаванд, ки барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ кофӣ нест. Дар ин самт имкониятҳо зиёданд ва соҳа ниёз ба мутахассисони касбӣ ва сармоягузории васеъ дорад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар бисёр конҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла «Зарафшон», «Кони Мансур», «Талко-Гидро», «Фон-Яғноб», «Апрелевка» ва дигарон истеҳсоли маъдан ва фоиданокиҳо афзоиш меёбад. Ҳар пешрафт дар ин самт натиҷаи заҳмати ҳазорҳо геологҳо, муҳандисон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳа мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «дар қаъри замини Тоҷикистон 800 кон ва зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф шудаанд. Мо аз доираҳои тиҷоратии Русия даъват ба амал меорем, ки дар коркарди ин захираҳо ҳамкорӣ намоянд». Ин изҳорот бори дигар нишон медиҳад, ки геология яке аз самтҳои калидии рушди иқтисоди мамлакат мебошад.
Дар мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфтани Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, факултети геоэкология дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, ихтисосҳои нав дар базаи факултети геологияи Донишгоҳи миллӣ — амалиёти маркшейдерӣ, геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ, геофизика, иқтисод ва идора дар соҳаи саноати кӯҳӣ, пиряхшиносӣ, тахассусҳои геммолог, геоэколог, ихтисосҳои геологияи нафту газ ва гидрогеология дар Донишгоҳи давлатии Данғара, кафедраи илмҳои табиатшиносӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, таъсиси филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе бо ихтисоси гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ шаҳодати он аст, ки Ҳукумати мамлакат ба соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ аҳамияти калон медиҳад. Барои ҷавонони тоҷик имрӯз имкониятҳои фаровон барои омӯзиши геология мавҷуд аст. Насли ҷавон бояд аз таҷрибаи олимони гузашта ва дастовардҳои ҷаҳонӣ илҳом гирифта, дар рушди ин соҳа саҳм гузорад.
Пешаи геолог дар бозори ҷаҳонӣ аз серталабтарин ва сермуздтарин касбҳо ба ҳисоб меравад. Геолог на танҳо таҳлилгари сохти Замин, балки меъмори ояндаи иқтисод ва саноат мебошад. Дар ҳақиқат, ҳар як кон, ҳар ҷараёни истеҳсолӣ ва ҳар саноати пешрафта натиҷаи меҳнати пурмашаққати геологҳо мебошад.
Геология на танҳо як соҳаи илм аст, балки ояндаи саноати мамлакат ва неруи асосӣ барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати Тоҷикистон мебошад. Истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ҷалби сармоя, тарбияи мутахассисони ҷавон, таҳқиқоти муосир ва пуштибонии давлат — ҳамаи ин Тоҷикистонро ба сатҳи нави рушд мебарад.
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои рушди геология тадбирҳо андешида шуда, ҳамасола конференсияи анъанавии байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи геологияи тоҷик таҳти унвони «Рушди саноати миллӣ ва геологияи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ» гузаронида мешавад. Дар он олимон ва пажуҳишгарони соҳа аз тамоми гӯшаю канори олам барои рушди илми геология ибрози андеша менамоянд.
Бо назардошти афзалияти соҳа моро зарур аст, ки дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи геология дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ аз ҳарвақта дида бештар кӯшиш ба харҷ дода, бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда шароити мусоиди пайвасти илм бо истеҳсолотро фароҳам созем.
Бигзор заҳмати геологҳои тоҷик ва кашфиёти нав ба пешрафти Ватани азизамон — Тоҷикистон хизмат намоянд.
Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
АКС: АМИТ «Ховар»








Беш аз 80 фоизи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология амалӣ гардидааст. Эҳдо ба Рӯзи геологҳои Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода: «То соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар иқтисоди миллии Тоҷикистон то ба 30 фоиз мерасад»
САДОИ ҚАЛБИ ҲАМСАФОНИ БУРУНМАРЗӢ. Ба Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба фарогирии ҷаҳонии тандурустӣ дар Токио иштирок намуд
Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар конгресси байналмилалӣ минералҳои фоиданоки мамлакатро муаррифӣ намуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кишти пиёзу картошка идома дорад
Омили объективии норасоии неруи барқ ва зарурати дарку таҳаммулпазирӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати давлат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда дорад
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ба ҳаҷми оби дарёҳо, шароити ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста аст. Шарҳи коршинос дар ин маврид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Челонро барои мубориза бо шамолхӯрӣ ва баланд бардоштани масуният тавсия медиҳанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сулфа нишонаи дигар бемориҳо низ мебошад






