Кабк дар Тоҷикистон «Парандаи соли – 2026» интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кабк парандаи соли 2026 эълон гардид. Ҳамоишҳои экологӣ — тавзеҳотӣ ва иқдоми ҳифзи табиат, ки тамоми сол баргузор хоҳанд шуд, ба ин паранда бахшида мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар озмуни «Парандаи сол – 2026» аз байни 10 номинатсияи пешниҳодшуда бо гирифтани овозҳои бештар кабки зирак ҳамчун парандаи соли 2026 интихоб гардид.
Биноба иттилои манбаъ, озмуни «Парандаи сол» танҳо интихоби рамзи навбатӣ набуда, он барномаи муҳими маърифатӣ ва ҳифзи табиат мебошад.
Зимни ҷаласаи ҷамъбастии озмун иброз шуд, озмун имкон фароҳам меорад, ки ҷомеа дар бораи парандаҳо бештар маълумот пайдо намуда, ба табиат бо таваҷҷуҳи зиёд муносибат намоянд.
Кабк яке аз зеботарин парандаҳои табиати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар зиракию ҳушёрӣ нисбат ба дигар мурғони хушхон бартарӣ дорад. Дар бораи парвариш ва шикори кабк дар байни мардум донишу таҷрибаҳои зиёд мавҷуд аст. Ҳатто бовару эътиқод, ривоятҳои гуногуни фолклорӣ, инчунин расму одатҳои аҷибе нисбат ба кабк дар байни мардуми тоҷик роиҷ мебошанд.
Кабк зебогии табиатро бо овози хушу дилнишинаш боз ҳам зеботар мегардонад. Садои форами кабкро бисёриҳо хуш доранд. Ба гуфти одамоне, ки кабкро хубтар мешиносанду бо он сару кор доранд, садои кабк бештар ба бемории асаб шифо мебахшад. Гӯшти кабк серғизо буда, барои чандин касалиҳо давобахш аст. Кабк парандаи зираку доно буда, дар талу теппаҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда зиндагӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон парандаҳои гуногун, аз қабили мурғи ҳумо, ғози кӯҳӣ, кабки дарӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазарв, лаклаки сафед, товусаки биҳиштӣ, мурғи ҳилолӣ тибетӣ, ҳудҳуд, шоҳин, фароштуруки деҳотӣ, шоҳуқоб, заргулдор, саъба, фохтак ва дуғдоғи зебо «Парандаи сол» интихоб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни «Парандаи сол» дар Тоҷикистон аз соли 2008 инҷониб бо ҷалб ва тавсияи коршиносони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии «Иттиҳодияи ҳифзи гуногунии биологии Тоҷикистон» баргузор карда мешавад.
Интихоби яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистон ба сифати парандаи сол бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он дар табиат мебошад. Интихоби парандаи сол ба фароҳам овардани заминаи муносиб барои афзоиши он ва муаррифии бештари парандаи интихобгардида мусоидат менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






