Маркази омӯзиши пиряхҳо ба Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера табдил дода мешавад

Декабрь 17, 2025 10:49

ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии илмию таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии илмию таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» табдил дода мешавад.

Дар ин хусус 16 декабр зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Аз ин лиҳоз ман аз ҳамаи сохторҳои дахлдор даъват менамоям, ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳояшонро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд».

Ба таъкиди Роҳбари давлат, мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад.

Дар робита ба ин пешниҳод гардид, ки Маркази омӯзиши пиряхҳо ба Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера табдил дода шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2025 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати расмии стратегияи рушди иқтисодӣ дар идоракунии давлатӣ нақши хос дорад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар шакли китоби алоҳида муназзам гардонида шуданд
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
АЗ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲӢ ТО СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тавзеҳ дода шуданд
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»