Масъалаи таҳкими ҳамкории илмӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи минтақавии Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои раванди таҳкими ҳамкориҳои илмӣ дар доираи Барномаи минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ, зарурати таҳияи механизмҳои муассири ҳамоҳангсозӣ байни муассисаҳои илмии кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ, 1 декабр зимни вохӯрии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо роҳбари Барномаи минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ Андре Алгермиссен баррасӣ гардид.
Иброз шуд, ки ҳамкориҳои илмӣ, истифодаи қобилият ва донишҳои зеҳнии кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувори минтақавӣ мебошад.
Қобилҷон Хушвахтзода изҳор дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст дар самтҳои афзалиятноки илмӣ — аз ҷумла илмҳои табиӣ, энергетика, экология, технологияҳои иттилоотӣ ва омӯзиши тағйирёбии иқлим — ҳамкориро тақвият бахшад.
Андре Алгермиссен низ таъкид кард, ки Барномаи минтақавӣ омода аст дар доираи салоҳиятҳои худ аз ташаббусҳои нави илмӣ-инноватсионӣ, ташкили барномаҳои омӯзишӣ, рушди иқтидори кадрӣ ва вусъати шабакаҳои илмии минтақавӣ дастгирии ҳамаҷониба намояд.
Гуфта шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба баланд бардоштани иқтидори илмӣ, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва рушди инфрасохтори илмии мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Таъкид гардид, ки робитаҳои пурсамари илмӣ метавонад ба таҳкими суботу амнияти минтақа ва такмили механизмҳои идоракунии захираҳои табиӣ таъсири мусбат расонад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






