Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ оид ба нақши зан дар Туркманистон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар шаҳри Авазаи Ҷумҳурии Туркманистон таҳти унвони «Нақши зан дар ҷомеаи муосир: пешбурди ҳамкории байналмилалӣ барои рушди устувор» конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иштирок намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конференсия Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон то соли 2030» маҷмуи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ мегардонад.
Таъкид шуд, ки табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва густариши ҳамкорӣ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор барои дастрасии занон, бахусус дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ нақши ҳалкунанда дорад.
Дар конференсия намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва доираҳои коршиносӣ аз ҳавзаи Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барои баррасии самтҳои асосии пуштибонӣ аз занон ва саҳми онҳо дар расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонии рушд иштирок намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»









«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад






