Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ расман ба кор оғоз намуд

Декабрь 12, 2025 09:21

ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (Мадрид, Испания) Шараф Шерализода ба Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ   Зураб Пололикашвили эътимоднома супорид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, ҷонибҳо тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои дарёфти кумаки техникӣ,  татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар сoҳаи сайёҳӣ ва гузаронидани форумҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки Шараф Шерализода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Испания ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева мебошад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Декабрь 12, 2025 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд