Ғолибони озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» қадрдонӣ шуданд

Декабрь 25, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони  озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар самти сайёҳӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба шумор меравад. Баргузории чунин озмунҳо ба ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳа, ҷорӣ намудани навовариҳо ва муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.

«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани муҳити мусоид бобати ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии ташаббусҳои навоварона ва рушди сайёҳии дохиливу байналмилалӣ тадбирҳои пайгиронаро амалӣ менамояд. Аз ин рӯ масъулинро зарур аст, ки барои пешрафт ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд», – баён дошт Дилрабо Мансурӣ.

«Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» аз рӯйи номинатсияҳои беҳтарин дастовард дар рушди сайёҳии дохилӣ, беҳтарин дастовард дар рушди сайёҳии байналмилалӣ, беҳтарин сармоягузор дар соҳаи сайёҳӣ, беҳтарин навовар дар соҳаи сайёҳӣ, беҳтарин кори илмӣ (таҳқиқотӣ) дар соҳаи сайёҳӣ ва беҳтарин дастовард дар таблиғи маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

Ичунин озмун барои беҳтарин субъектҳои хизматрасон дар соҳаи сайёҳӣ аз рӯйи номинатсияи беҳтарин ширкати сайёҳӣ, беҳтарин меҳмонхона, беҳтарин тарабхона, беҳтарин роҳбалад, беҳтарин блогер ва тарғибгар тавассути сомонаҳо дар дохил ва хориҷи мамлакат ҷамъбаст шуд.

Ғолибони озмунҳо аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Диплом ва туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон дар доираи ин ҳамоиш барои дӯстдорони сайру саёҳати Тоҷикистон замимаи барномаи мобилӣ таҳти унвони «Tourism Map of Tajikistan» муаррифӣ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» ҳамасола барои дастовардҳо дар соҳаи сайёҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои муассиртарин, навоварӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таблиғи маҳсулоти сайёҳӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба арзишҳои моддию маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 25, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ баргузор шуд
Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд
Дар Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Кӯлоб шинос гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои ИДМ дар Минск доир шуд
Дар Лондон масъалаҳо оид ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
Дар Душанбе ҷаласаҳои муштараки соҳаи алоқаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд
Дар мавзуи «Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳукумати электронӣ» ҳамоиш доир шуд
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд