ПЕШГИРИИ СӮХТОР. Қоидаҳо бар зидди сӯхторро қатъиян бояд риоя намуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои охир дар Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун ҳодисаҳои сӯхтор зиёд ба қайд гирифта мешаванд. Тибқи маълумоти мақомоти масъул, омилҳои асосии ба амал омадани чунин ҳолатҳо риоя накардани қоидаҳои бехатарии барқӣ, истифодаи нодурусти таҷҳизоти гармидиҳӣ ва беэҳтиётии шаҳрвандон мебошанд. Мутахассисон аҳолиро даъват мекунанд, ки қоидаҳо бар зидди сӯхторро қатъиян риоя намоянд, то талафоти ҷонӣ ва молӣ пешгирӣ карда шавад.
Тавре аз Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 6 декабр, соати 08:18 дар мағозаҳои тиҷратӣ, воқеъ дар кӯчаи Крупскаяи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.
Иттилоъ дода шуд, ки ба ҷойи ҳодиса 13 нақлиёти оташнишонӣ ва 5 нақлиёти Раёсати истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе равона карда шуд.
Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ ва саривақтии кормандони ҷузъу томҳои сӯхторнишонӣ оташ пурра хомӯш карда шуд.
Сӯхтор — яке аз хатарноктарин ҳолати фавқулода
Бояд гуфт, ки сӯхтор яке аз хатарноктарин ҳолатҳои фавқулода ба ҳисоб меравад, ки метавонад ба ҷону моли инсон зарари ҷиддӣ расонад. Тавре мутахассисон иброз медоранд, аксар ҳодисаҳои сӯхтор маҳз аз бемасъулиятӣ, беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои одӣ ба амал меоянд.
Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, ки ҳар таҷҳизот муҳлати истифода дорад ва истифодаи аз ҳад зиёди он сабаби пайомадҳои нохуш шуда метавонад.
Тавсия дода мешавад, ки асбобҳои барқиеро, ки ба василаи онҳо хонаҳо гарм карда мешаванд ва ё ҳангоми пухтупаз истифода мегарданд, зуд-зуд тафтиш намоед. Зеро санҷиши пайвастаи он метавонад ҳар гуна ҳодисаҳои ногаҳониро пешгирӣ кунад. Инчунин ҳолати обгармкунакҳои барқиро сари вақт санҷед, онҳоро таъмир кунед ва бахшҳои корношоямашонро иваз намоед.
Масъулини соҳа маслиҳат медиҳанд, ки таҷҳизоти барқиро барои хушк кардани либосҳои тар истифода накунед. Нагузоред, ки бачаҳо бо таҷҳизоти барқӣ бозӣ кунанд. Таҷҳизотро дар масофаи дуртар аз пардаи хона ва ё мебелҳо гузоред.
Сӯхторҳо метавонанд бо сабабҳои гуногун рух диҳанд ва омилҳои онҳо метавонанд иҷтимоӣ, техногенӣ ва табиӣ бошанд, аз ҷумла:
– қоидаҳои бехтарии зидди сӯхторро риоя намекунанд;
– сӯхтор метавонад бо сабабҳои табиӣ, аз ҷумла ҳангоми раъду барқ сар занад;
– одамон баъзан барқасдона ашёи каси дигарро оташ мезананд, ки дар натиҷа ҳолатҳои нохуб ба вуҷуд меоянд;
– риоя накардани чораҳои зиддисӯхтор дар корҳои истеҳсолӣ;
– истифодаи нодурусти асбоби барқии гармидиҳанда ва ё ноқилҳои барқ.
Чӣ бояд кард, агар дар хона сӯхтор рух диҳад?
— Дар баробари ҳис кардани бӯйи сӯхта дар хона, пеш аз ҳама, ашёи заруриро ба ҷойи бехавф кӯчонед ва фавран ба хадамоти оташхомӯшкунӣ хабар диҳед;
– Зарур аст, ки аввал кӯдакон ва пиронсолонро аз хона ба кӯча бароред;
–Агар алангаи оташ пасттар бошад, бо истифода аз оби ошхона ба хомӯш кардани он шуруъ кунед;
– Оташро метавон бо ёрии латтаҳои таркардашуда низ хомӯш кард. Аммо дар ин ҳолат бодиққат бошед, ки қувваи барқ ба шумо осеб нарасонад;
– Обро бар зидди дуд истифода накунед ва ё талош накунед, ки қисмати болоии оташро хомӯш кунеду ба қисмати асосии он кор нагиред;
-Агар ашёе дар хона доред, ки гумон мекунед зуд дармегирад, талош накунед ба он об занед, балки интизор шавед оташхомӯшкунон расанд ва агар онҳо набошанд, пас болои онҳоро бо латтаи ғафси таркардашуда печонед;
– Дар вақти сӯхтор дару тирезаҳоро боз накунед, ин алангаи оташро бештар мекунад;
– Агар сӯхтор ҳоло алангаашро ба дигар ҷойҳои хона паҳн накардаасту бовар доред, ки худ аз уҳдаи хомӯш кардани он мебароед, пас ҷиддӣ бошеду зуд амал кунед.
– Ҳангоме ки дар хонаи шумо сӯхтор ба амал меояд, ҳамсояҳоро огоҳ кунед, то омодаи ҳифзи хонаҳои худ бошанд.
– Агар сӯхтор шадид аст ва шумо аз хона наметавонед берун шавед, пас коре карда, ба айвонча бароед ва аз он ҷо ба кумак даъват намоед;
– Вақте кормандони сӯхторхомӯшкунӣ меоянд, вазъро тавре ҳаст, барояшон гӯед.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки вақте ки сӯхтор рух медиҳад, муҳим аст ором бошед ва воҳима накунед. Вақте ки шумо ором ҳастед, метавонед дар ҳолати сӯхтор кореро анҷом диҳед, ки ба манфиат аст.
Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд






