Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни меваи тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид, замини ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат ба даст омадаанд, дидан карданд.
Соли равон кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 23 ҳазору 284 гектар расонидаанд.
Заҳмати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариш имкон фароҳам овардааст, ки дар ноҳияи Ҷайҳун афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардад.
Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати 1 декабри соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 11 ҳазору 728 тонна картошка, 48 ҳазору 890 тонна ғалладонагӣ, 29 ҳазору 969 тонна меваҷот, 159 ҳазору 677 тонна сабзавот, 3 ҳазору 285 тонна ангур, 168 ҳазору 775 тонна полезӣ, 24 ҳазору 730 тонна шир, 5 ҳазору 255 тонна гӯшт, 23,9 тонна асал, 146,4 тонна моҳӣ ва 4 миллиону 146,9 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили сабзӣ ва ҷуворимаккаи дон аз кишти такрорӣ идома дорад.
Намоишгоҳ, ки дар шакли хеле ҷолибу диданӣ пешниҳод гардид, баёнгари фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи ғании деҳқонони заҳматқарини ноҳия дар самти оқилона истифода бурдани замин аст.
Маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия, аз ҷумлаи анвои гуногуни нон ва таомҳои тоҷикӣ ҳам дар шакли густурда бозгӯи заҳмати аҳлона аст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва кишоварзони ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, самаранок истифода бурдани замин, захираи маҳсулот барои давраи зимистон, зиёд намудани масоҳати боғу токзор ва шудгори замин дастуру тавсияҳо доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






