Раванди ислоҳоти низоми тандурустӣ то соли 2030 баррасӣ гардид

Декабрь 22, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба арзёбии татбиқи Нақшаи амали солҳои 2024-2026-и «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, иштирокдорони ҷаласа раванди феълии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, натиҷаҳои арзёбии нишондодҳои (индикаторҳои) калидии Нақшаи амали солҳои 2024-2026-и стратегия, масъалаҳои ҳамоҳангии байниидоравӣ ва вазифаҳои афзалиятнокро  дар марҳилаи ояндаи татбиқи он баррасӣ намуданд.

Иброз гардид, ки «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки соли 2021 тасдиқ шудааст, ба ташаккули низоми тандурустии одилона, устувор ва ба талаботи аҳолӣ равонашуда, инчунин ба ноилшавӣ ба фарогирии куллии хизматрасонии тиббӣ нигаронида шудааст. Барои татбиқи он соли 2024 Нақшаи амал барои солҳои 2024-2026 тасдиқ шуд, ки воситаи асосии амалии табдили бахши тандурустӣ мебошад.

Натиҷаи муҳими марҳилаи кунунӣ таҳияи қолаби арзёбии Нақшаи амал ва омода намудани ҳисоботи якуми марҳилавӣ оид ба раванди татбиқи он мебошад. Ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи таҳлили тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Механизми глобалии маблағгузорӣ оид ба солимии занон, кӯдакон ва наврасон (GFF) омода карда шудаанд. Ин амал имконият фароҳам овард, ки баҳодиҳии бонизоми пешбурди ислоҳот таъмин гардида, шаффофияти қарорҳои идорӣ баланд бардошта шавад.

Таъкид шуд, ки рушди кумаки аввалини тиббию санитарӣ афзалияти калидии ин нақша боқӣ монда, корҳо оид ба сохтмон ва таъмири муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ ба охир расидаанд. Инчунин таҷҳизонидани инфрасохтор беҳтар шуда, барномаҳои омода намудани кормандони тиббӣ татбиқ ва дастурҳои клиникии таҷдиди назаршуда ба амал ворид карда шуданд.

Дар бахши маблағгузории устувор таҳлили фазои молиявии тандурустӣ анҷом ёфта, Гурӯҳи таҳлили тандурустӣ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуд.  Гурӯҳи байниидоравӣ оид ба институтсионализатсияи ҳисобҳои миллии тандурустӣ ташкил ва инчунин лоиҳаи таҷрибавӣ оид ба механизмҳои нави маблағгузории кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар вилояти Суғд ба роҳ монда шуд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 22, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад