«Саноатсодиротбонк» барои дастгирии соҳибкорӣ ва иқтисоди «сабз» «Иқдоми нав дар Соли нав»-ро роҳандозӣ менамояд

Декабрь 27, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 27.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» «Иқдоми нав дар Соли нав»-ро роҳандозӣ менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз «Саноатсодиротбонк» хабар доданд, ҳадафи иқдом дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ бо мақсади мусоидат намудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва рушди иқтисоди сабз мебошад.

Дар доираи иқдом барои соҳибкорон ва шаҳрвандон шароити дастрасу имтиёзнок фароҳам оварда шуда, таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаҳои истеҳсолӣ ва ташаббусҳое равона мегардад, ки ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи технологияҳои муосир мусоидат менамоянд.

Иқдом ҳамчунин барои муштариёне, ки аллакай бо Бонк ҳамкорӣ доранд, имконияти иловагӣ фароҳам оварда, барои ҷалби доираи васеи шаҳрвандон ва соҳибкорон равона шудааст.

Шартҳои иқдом:

  • меъёри фоизи қарз барои фаъолияти истеҳсолӣ, новобаста аз шакли таъминот 14 фоизи солона;
  • меъёри фоизи қарз ба шаҳрвандон ҷиҳати харидории панелҳои офтобӣ 14 фоиз солона муқаррар карда шудааст.

«Саноатсодиротбонк» бо татбиқи чунин ташаббусҳо саҳми худро дар рушди устувори иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ идома медиҳад.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Декабрь 27, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад