Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад
ДУШАНБЕ, 16.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор хоҳад шуд. Ин иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим марҳалаи нав фароҳам меорад.
Бояд гуфт, ки дар чорчӯби Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2028 дар Тоҷикистон масъалаҳои ниҳоии ҳамаҷонибаи иҷрои ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баррасӣ карда мешаванд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян, ки моҳи июни соли равон бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, иброз намуд, ки «Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2028 дар Тоҷикистон бо рӯйдодҳои сатҳи олӣ, ки ҳамасола моҳи сентябр бо иштироки ҳайатҳои баландпояи кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар Ню-Йорк баргузор мешаванд, қобили муқоиса мебошад».
Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ тайи 20 соли охир 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои обро қабул кард, ки заминаи муносибро барои эълон кардани соли 2003 – Соли оби тоза, соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан эълон кардани ду Даҳсолаи байналмилалии амал — «Об барои ҳаёт» ва «Об барои рушди устувор»-ро фароҳам оварданд.
Ҳамаи ин ташаббусҳои созанда ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равон гардидаанд.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, «таҷрибаҳои қаблӣ исбот карданд, ки танҳо дар ҳамдастӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад барои мардуми сайёра зиндагии шоистаро таъмин намояд».
«Моро лозим аст, ки дид ва муносибати худро нисбат ба муҳимтарин манбаи ҳаёт, яъне захираҳои об тағйир дода, мудирияти онро низ ба шакли нави самаранок ва бо усулҳои навоварона ба роҳ монем»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.
АКС аз манбаъҳои боз








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






