«Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ карда шуд

Декабрь 18, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» бо роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор муҳокима гардид.

Тавре аз ин кумита ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҷаласа ҳадаф ва самтҳои асосии стратегия муаррифӣ гардида,  афзалияти ҳамкории минбаъда барои рушди устувори иқтисоди миллӣ, тақвияти зерсохтор, рушди захираҳои инсонӣ, иқтисоди «сабз» ва рақамисозӣ шарҳ дода шуд.

Инчунин масъалаҳои тақвияти ҳамкории стратегӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд, механизмҳои татбиқи самараноки лоиҳаҳои рушд ва роҳҳои ҷалби бештари сармоягузориҳо баррасӣ гардид.

Иштирокчиёни ҷаласа  аҳаммияти «Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030»-ро дар тақвияти ҳамкории давлатӣ ва рушдёбандаи Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин стратегия маблағгузории лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва экология ба нақша гирифта шудааст.

Бонки Осиёии рушд яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон буда, давоми солҳои ҳамкорӣ аз соли 1998 то инҷониб қариб 200 лоиҳаро ба маблағи беш аз 2,7 миллиард доллари амрикоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ намудааст. Дар айни замон Бонки Осиёии рушд 19 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 1,0 миллиард доллари амрикоӣ дастгирӣ менамояд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 18, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд