Туҳфаҳои идонаи Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Муъминобод расонида шуданд

Декабрь 31, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод расонида шуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сару либос иборат буда, аз ҷониби намояндагони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 92 нафар кӯдакони ятиму бепарастор тақдим карда шуд.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа мавқеи меҳварӣ дорад.

Бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳо расонида мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод 92 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки 26 нафарашон духтарон мебошанд. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша тарбияи насли наврас ва ниёзмандро дар мадди назар қарор дода, онҳоро то ба ҳаёти мустақилона гусел намудан нигоҳубин менамояд. Инчунин барои зисту таҳсил ва илму касбомӯзии онҳо тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 31, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид