Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид

Декабрь 13, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдими китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар ноҳияи Мастчоҳ оғоз гардида, айни замон  идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд.

Тибқи нақшаи пешбинишуда, китоб дар 7 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ба 17 ҳазору 793 хонавода ҳамчун туҳфаи Пешвои миллат тақдим карда мешавад.

Ин иқдоми неку фарҳангпарваронаи Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо мақсади таҳкими худшиносӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва боло бурдани завқи мутолиа дар байни аҳолӣ ба роҳ монда шудааст, аз ҷониби сокинони ноҳия бо самимият ва эҳсоси баланди ифтихор пазируфта мешавад.

Оилаҳое, ки китобро дастрас намудаанд, изҳор доштанд, ки «Шоҳнома» ҳамчун ганҷинаи безаволи таъриху адабиёти тоҷик дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгон нақши муҳим дорад.

Тақдими «Шоҳнома» ба ҳар хонавода идомаи тадбирҳои пайвастаи давлату Ҳукумат дар самти ҳифз ва гиромидошти арзишҳои миллӣ, эҳёи худшиносии таърихӣ ва таҳкими пояҳои фарҳанги миллӣ мебошад. «Шоҳнома» ҳамчун ганҷинаи бузурги адабию маънавӣ на танҳо саҳифаҳои пуршарафи таърихи ниёгонро инъикос мекунад, балки дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳангу забони тоҷикӣ нақши муассир дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Декабрь 13, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад