Ҳунарманди муҳрабоф Заррина Сайфиддинова бо маблағи гранти президентӣ маркази омӯзишӣ таъсис медиҳад
ДУШАНБЕ, 06.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муҳрабофӣ яке аз ҳунарҳои бостонию мардумии тоҷик буда, он солҳои охир дар шаҳру навоҳии мамлакат дар байни занону духтарон мавқеи хосса пайдо кардааст.
Яке аз ҳунармандони фаъолу муваффақи ин навъи ҳунармандӣ Заррина Сайфиддинова аз шаҳри Ваҳдат мебошад. Номбурда беш аз 15 сол аст, ки ба офаридани маснуоти муҳрагӣ машғул аст.
Заррина мегӯяд, ки ба ин касб аз овони кӯдакӣ дил бастааст. Ӯ аввал барои худ ва ҳамсабақонаш аз коғазҳои қандпечонӣ армуғонҳои хурд омода мекард. «Ҳамсабақонам зиёд мепурсиданд, ки ин ҳама ҳунарро аз куҷо омӯхтаам. Дар асл бо роҳи худомӯзӣ ёд гирифтам. Ҳамин меҳр ба ҳунар буд, ки имрӯз маро дар ин ҷода муваффақ гардонд», — мегӯяд ҳунарманд.
Имрӯз Заррина на танҳо ба ҳунар машғул аст, балки ҳамчун омӯзгор низ фаъолият намуда, занону духтарони бешуғл ва хонанишинро ба омӯзиши мӯҳрабофӣ ҷалб менамояд.
Соли равон Заррина Сайфиддинова тавонист бо пешниҳоди лоиҳаи соҳибкории худ соҳиби 60 ҳазор сомонӣ гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад. Ҳунарманд ният дорад, ки бо ин маблағ дар замини наздиҳавлигиаш як хонаи барҳаво бунёд кунад.
«Занҳои бисёр хоҳиш карданд, ки марказ кушода, онҳоро ба шуғл фаро гирем. Барои ҳамин ният дорам бо маблағи гранти президентӣ як хонаи махсуси корӣ созам. Мақсад дорам, ки бо таъсиси ин маркази хурди ҳунармандӣ духтарони бешуғл ва занони хонанишинро ба омӯзиши ин навъи ҳунар ҷалб намоям»,-изҳор дошт Заррина Сайфиддинова
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, таъсиси чунин марказ на танҳо ба таъмини занон бо ҷойи кор, балки ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва баланд бардоштани мавқеъ ва дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Заррина аз муҳраҳои рангоранг ва симу риштаҳои махсус дар шакли дарахт армуғонҳо омода мекунад.
Армуғонҳои дарахтшакл, ки бо муҳраҳои ранга ва нақшу нигорҳои нозук оро дода мешаванд, имрӯз аз 100 то 1500 сомонӣ нарх доранд. Ба иттилои Заррина, маҳсули дасти онҳоро бештар сайёҳон, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ мехаранд, зеро барои ороиши утоқҳои корӣ, толор ва маҷлисгоҳҳо хеле мувофиқ мебошанд.
«Муҳрабофӣ аз ҷумлаи ҳунарҳое мебошад, ки сабру тоқат ва зеҳни эҷодкорро талаб мекунад. Дар ин ҳунар ҳар муҳра мавқеи хос дорад ва пайвастани онҳо бо ҳам нақшҳои гуногунро ба вуҷуд меорад. Нақшҳои истифодашавандаи гулу баргҳо, хатҳои мавҷнок, чоркунҷа, ромб, тӯморак ва дигар рамзҳои мардумӣ ҳар кадом маъно ва мазмуни фарҳангӣ доранд»,– баён дошт ҳамсуҳбати мо.
Бояд гуфт, ки дар баъзе ноҳияҳо, хусусан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин ҳунар ҳамчун қисми таркибии ҳаёти рӯзмарраи занону духтарон боқӣ мондааст. Онҳо аз хурдсолӣ омода кардани навъҳои гуногуни гарданбандҳои кӯтоҳу дароз, пешовез ва дигар маснуоти ороиширо меомӯзанд ва дар тӯю ҷашнҳо васеъ истифода мебаранд.
Дар замони муосир таваҷҷуҳ ба маснуоти дастӣ, махсусан маҳсулоти муҳрабофӣ афзоиш меёбад. Занону духтарон, хусусан арӯсон ба ҳамелҳои муҳрагӣ, гарданбандҳо ва ашёи ороишии нодир таваҷҷуҳи калон нишон медиҳанд. Сайёҳон низ чунин маҳсулотро ҳамчун армуғони миллӣ харида, бо худ ба кишварҳояшон мебаранд, ки ин бозори ҳунарро боз ҳам васеъ мекунад.
Фаъолияти Заррина Сайфиддинова намунаи равшани он аст, ки бо меҳр ба ҳунар, меҳнатдӯстӣ ва дастгирии давлат метавон ба комёбиҳои назаррас ноил шуд. Ӯ бо ҳунари худ на танҳо маснуоти зебо меофарад, балки ба занони дигар низ роҳи зиндагии босамарро нишон медиҳад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Агентии «Тоҷикстандарт» аз фурӯшандагон талаб менамояд, ки ба кӯдакону наврасон нӯшокиҳои руҳафзо нафурӯшанд
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ қабул гардид»
Қурби расмии сомонӣ соли 2025 нисбат ба доллари амрикоӣ 15,4 фоиз устувор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон қариб 400 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд
Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафоти неруи барқ ҷаласаи корӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 82 лоиҳаи сармоягузории давлатии амалкунанда ба маблағи 43,2 миллиард сомонӣ татбиқ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бонкҳои Тоҷикистон соли 2025 ба мизоҷон дар ҳаҷми 30 миллиард сомонӣ қарз додаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 суръати рушди иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон 8,4 фоизро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи ҳисоб беш аз 710 миллион сомонӣ вайронкунии низоми молиявиро ошкор намуд
«Амонатбонк» ба беш аз 890 ҳазор нафақагирон ва 2,2 миллион пасандозгузорон хизмат расонидааст
Дар Тоҷикистон бақайдгирии таваллуд 1,4 фоиз зиёд шудааст
Моҳи апрел Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ баргузор мешавад






