Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон 4 медал ба даст оварданд

Декабрь 12, 2025 13:22

ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон, ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб идома доранд, варзишгарони тоҷик 4 медал, аз ҷумла 1 медали тилло ва 3 медали нуқра ба даст оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозиҳои паралимпии Осиё бо шаҳомати хосса ифтитоҳ ёфта, имсол дар онҳо зиёда аз 1 500 варзишгар аз 35 давлат дар 11 намуд — сабукии паралимпӣ, пауэрлифтинги паралимпӣ, камонварзӣ, шиноварӣ, баскетбол дар аробача, тенниси рӯи миз, бочча, пара-таэквондо, голбол, парабадминтон ва армрестлинг иштирок доранд.

Тоҷикистонро 6 варзишгар дар ду намуд – вазнабардорӣ ва дастхобонӣ муаррифӣ менамоянд. Ҳайати ҷумҳурӣ дар маросими ифтитоҳ бо парчами миллӣ бо эҳтирому ифтихор роҳпаймоӣ намуд.


Медали тиллоро дар вазни 65 кг Аҳмади Фатҳидин дар намуди вазнабардорӣ соҳиб шуд. Ӯ бо бардоштани 135 кг на танҳо пирӯз гашт, балки рекорди ҷаҳонӣ низ гузошт.

Ин дастовард барои варзиши паралимпии мамлакат яке аз натиҷаҳои таърихӣ маҳсуб мешавад, зеро рақибони асосӣ аз Узбекистон, Ҳиндустон ва Филиппин ба чунин нишондод даст наёфтанд.


Медали нуқраро дар вазни 49 кг Мизробиддин Олимов бо бардоштани 110 кг ба хазинаи дастаи Тоҷикистон ворид кард. Ӯ ҳамагӣ як кило аз рақиби узбекистонии худ қафо монд, аммо ин натиҷа барои Тоҷикистон, ки параварзиш дар он дар марҳалаи рушд қарор дорад, дастоварди бисёр арзанда ба шумор меравад.

Илова бар ин, дар намуди дастхобонӣ (армрестлинг) варзишгари тоҷик Ҳаитҷон Хусаинов ду медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар рақобат бо аробача (wheelchair category) дар вазни мутлақ ҳам дар дасти чап ва ҳам дар дасти рост дар байни намояндагони 10 давлат мақоми дуюмро соҳиб гардид, ки ин барои дастаи Тоҷикистон дастоварди шоистаи дигар ба ҳисоб меравад.


Ёдовар мешавем, ки Бозиҳо бо садо додани суруди расмии Кумитаи паралимпии Осиё ифтитоҳ ёфтанд. Иштирокчиёни бозиҳои варзишӣ  савганд ёд карданд, ки принсипҳои ростқавлӣ, эҳтиром ва шаффофиятро дар ҷараёни мусобиқа риоя менамоянд.

Дар шаҳрчаи Бозиҳо парчами Тоҷикистон низ парафшон аст, ки боиси ифтихор мебошад.

Дар партави таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати варзишгарони тоҷик бо пуштибонии Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва сарпарастии Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон ба Дубай сафар намуд.


Бояд тазаккур дод, ки қабл аз сафари ҳайати ҷумҳурӣ ба Дубай дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва варзишгарон машварати роҳнамоӣ  баргузор гардид.

Зимни машварат роҳбари Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон ва директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» Маҳмуд Амонзода бо руҳбаланд намудани варзишгарон аз онҳо даъват кард, ки бо роҳу равиши варзишӣ, интизому масъулияти баланд, руҳияи қавӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ дар мусобиқот иштирок карда, барои баланд бардоштани парчами Тоҷикистон ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ саъю кӯшиш намоянд.

Инчунин таъкид карда шуд, ки иштироки онҳо дар ин мусобиқоти бонуфуз на танҳо барои ба даст овардани медал, балки барои баланд бардоштани мақоми варзиши паралимпӣ дар кишвар ва ҳавасмандсозии дигар ҷавонони имконияташон маҳдуд аҳамияти хосса дорад.

«Дар Тоҷикистон барои рушди варзишгарони имконияташон маҳдуд тадбирҳои ҷиддӣ роҳандозӣ мешаванд. Дар ояндаи наздик шумораи ҷавонони варзишгар аз ин қишри ҷомеа афзоиш хоҳад ёфт», — бо итминон иброз намуд Маҳмуд Амонзода.

Парабозиҳои V Осиё байни наврасон то 14 декабр идома меёбанд ва интизор меравад, ки дигар варзишгарони тоҷик низ дар намуди дастхобонӣ натиҷаҳои шоистаро соҳиб мешаванд.

АКС: Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон

Декабрь 12, 2025 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад