Рустами Эмомалӣ: «Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 62 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд»
ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Соли 2025 рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе бо нишондиҳандаҳои устувор таъмин гардида, суръати афзоиши маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 8,3 фоиз баробар шуд. Ҳамзамон иҷрои нақшаи буҷети шаҳр 22,2 фоиз барзиёд таъмин гардида, 46 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд», — таъкид намуданд Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни ҳисобот дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гуфта шуд, ки соли 2025 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон тадбирҳои муҳимро амалӣ намуд.
«Дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар раванди бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ин давра вусъати тоза касб намуда, 62 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дада шуд ва суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 26 фоиз таъмин гардид», иттилоъ дода шуд дар ҳисобот.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ нисбат ба соли 2024 31 фоиз афзоиш ёфта, дар масоҳати 713 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Тазаккур дода шуд, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 19 ҳазор хонанда ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 кӯдак бунёд ва ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон бо ҷалби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар маҷмуъ 60 километр роҳҳои пойтахт ба маблағи 406 миллион сомонӣ навсозӣ ва мумфарш гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки 23 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумат натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2025 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2026 муайян карда шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид






