Агентии авиатсияи гражданӣ: Соли 2025 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 8 ҳазору 800 хатсайр хизмат расонид
ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба беш аз 8 ҳазору 800 хатсайр хизмат расонид, ки ин омор нисбат ба соли 2024 беш аз 600 хатсайр ё 7,3 фоиз зиёд аст, чунин гуфта шуд 28 январ дар нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳамзамон таъкид гардид, ки соли 2025 парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 18 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 16 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур – «Флай Дубай»-и Амороти Муттаҳидаи Араб, «Туркиш Эйрлайнз»-и Туркия, «Китайские авиалинии» ва «Лонг Эйр»-и Чин, «Вориш Эйрлайнз», «Киш Эйр» ва «Раймон Эйр»-и Эрон, «Ҷазира Эйрвейз»-и Кувайт ва «АЗАЛ»-и Озарбойҷон, 7 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз қабили «Ют Эйр», «Уральские авиалинии», «Северный ветер», « Сибирь-S7»-и Русия, «Эйр Астана»-и Қазоқистон, «Узбекистон ҳавойулларӣ» ва «Сentrum Эйр»-и Узбекистон ва 2 ширкати ватанӣ- «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» амалӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 2 ҳазору 197 ҳолати батаъхирмонии парвозҳо ба қайд гирифта шуд, ки ин омор нисбат ба соли 2024 126 парвоз ё 6 фоиз зиёд мебошад. Омилҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳ ба дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз, номусоидии обу ҳаво, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ, сарҳад ва дигар омилҳо рабт дода мешавад.
Соли 2025 инчунин бо сабабҳои гуногун дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 150 муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҳолати осеб дидан ва гум шудани бағоҷи мусофирон ба қайд гирифта шудааст, ки 146 эрод қонеъ гардонида шуда, 4 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Муроҷиати шаҳрвандон нисбат ба соли 2024 28 эрод ё 17 фоиз кам шудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






