Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии «Тоҷикстандарт» ба ронандагони воситаҳои нақлиёт ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ- антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб намоянд, то ҳангоми истифодаи он дар ҳолати ногувор намонанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин агентӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои агентӣ, бо фаро расидани фасли зимистон ронандагон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт кӯшиш мекунанд, ки нақлиётро бо моеи зиддисардӣ — антифриз таъмин кунанд. Табиист, ки дар ин давра талабот ба моеи мазкур зиёд мегардад.
Аз ин рӯ, аз фурсат истифода карда, дар бозори дохилӣ баъзе фурӯшандагон навъҳои пастсифату ғайристандартии антифризро ба харидорон пешниҳод мекунанд.
«Гарчанде кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» теъдоди зиёди моеи зиддисардии антифризи ғайристандартиро аз нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳо борҳо гирифта бошанд ҳам, баъзе фурӯшандагон барои ба даст овардани даромади муфт бештар ба чунин корҳо даст мезананд. Дар баробари ин, фурӯшандагоне низ ҳастанд, ки ҳангоми қабули молу маҳсулот ба сифату намуди мол беаҳамиятӣ зоҳир карда, дар натиҷа ба харидор зарари моддӣ мерасонанд», -омадааст дар муроҷиатномаи агентӣ.
Истифодаи антифризи ғайристандартӣ дар рӯзҳои сардӣ ба ҳолати воситаҳои нақлиёт зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, харидоронро зарур аст, ки ба тавсияҳои мутахассисон аҳамият дода, ҳуқуқҳои истеъмолиашонро ҳимоя кунанд.
Ронандагон бояд ҳангоми харидории антифриз ба сифати он диққат дода, аз харидани маҳсулоти шубҳанок худдорӣ намоянд. Инчунин дар ҳолати поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиашон ба Агентии «Тоҷикстандарт» бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев 42/2 ва ё ба тариқи телефони 2-33-68-69, 2-33-44-99 муроҷиат намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






