ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид

Январь 21, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 январ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳо баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар сессия зиёда аз 60 аъзои Академияи илмҳои хурд аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд. Ҳадафи асосии сессия бохабар шудан аз корҳои илмию навиштани мақолаҳои илмӣ на танҳо дар маҷаллаҳои оммавӣ, инчунин дар маҷаллаҳои тақризшаванда, дарёфти ҳуқуқи муаллифӣ, шаҳодатнома ва патент аз ҳисоби ихтироъкорӣ, навоварӣ ва дар сатҳи баланд маъруза намудани корҳои илмии хонандагони Академияи хурди илмҳо мебошад.

Ҳоло 15 бахши ихтисосии Академияи хурди илмҳо, аз ҷумла математика, технологияи иттилоотӣ, астрофизика, физика, химия, биология, иқтисодиёт, гидрохимия, тиб, ҳуқуқ, генетика, таърих ва бостоншиносӣ, география, экология ва забонҳои хориҷӣ фаъолият менамоянд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки рушди илм, махсусан илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар замони муосир бо суръати баланд рӯ ба тараққист. Аз ин рӯ Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои ба омӯзиш фаро гирифтани наврасону ҷавонон шароиту имконият фароҳам оварданд. Ҳадафи баргузории ин чорабинии илмӣ дар амал татбиқ намудани сиёсати илмии Ҳукумати мамлакат аз овони мактабхонӣ мебошад.

Дар фарҷоми сессия устодони ҳамаи бахшҳои Академияи хурди илмҳо ва маърузачиёни 15 бахш бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати Академия қадрдонӣ карда шуданд.

Бояд гуфт, ки Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ дар оянда ба омода намудани мутахассисони моҳир, пурдон ва эҷодкор, инчунин такмил додани фаъолияти илмии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳо мусоидат намуда,  имкон медиҳад, ки ба сафи Академияи хурди илмҳо аз ҳисоби ҷавонони болаёқат неруи нав ҷалб карда шавад.

 АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 21, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд