ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
ДУШАНБЕ, 20.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада баргузор мегардад. Бахшида ба ин иди қадимии халқи тоҷик муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Дониёр Сангинзода чунин ибрози назар намуд:
— Дар ҳавзаи тамаддуни ориёӣ, ки Тоҷикистон яке аз марказҳои асосии онро ишғол мекунад, ҷашнҳои миллӣ на фақат одатҳои қадимӣ, балки унсурҳои бунёдии ҳувияти миллӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ мебошанд. Яке аз идҳои қадимтарин ҷашни Сада аст, ки рамзи пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, некӣ бар бадӣ буда, дар таърихи мардуми тоҷик ҷойгоҳи хос дорад.
Сада дар забони тоҷикӣ маънои «сад»-ро дорад ва он ба давраи ҳукмронии сулолаи Пишдодиён, хусусан ба подшоҳ Ҳушанг бармегардад. Мувофиқи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ Ҳушанг ҳангоми шикор дар кӯҳҳо сангро ба санг зад, шуъла баромад ва оташ кашф шуд. Ин воқеа на танҳо кашфи оташ, балки оғози муборизаи инсон бо торикӣ маънидод мешавад. Дар манбаъҳои таърихӣ Сада чун ҷашни кишоварзӣ тавсиф шуда, омодагӣ ба мавсими навро ифода мекунад.
Дар Тоҷикистон- вориси тамаддуни ориёӣ ин ҷашн аз замонҳои қадим то имрӯз боқӣ мондааст. Он тақрибан 50 рӯз пеш аз Наврӯз — тақрибан 30-31 январ бо афрӯхтани оташҳои бузург, сурудхонӣ, рақс ва дуоҳои некхоҳона ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн на танҳо аҳамияти фарҳангӣ, балки аҳамияти иҷтимоӣ низ дорад. Чунки халқро муттаҳид мекунад, эҳсоси ягонагиро мустаҳкам месозад ва ба ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.
Ҷашни Сада соли 2023 ба Феҳристи намояндагии мероси фарҳангии ғайримоддии башарият- ЮНЕСКО дохил гардид. Ин номинатсияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон мебошад. Ин рӯйдоди муҳим 6 декабри соли 2023 дар ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар Касане (Ҷумҳурии Ботсвана) рух дод.
Дохил шудан ба феҳристи ЮНЕСКО тасдиқ мекунад, ки ҷашни Сада унсури барҷастаи мероси фарҳангии зиндаи башарият буда, сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст. Номинатсияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон рамзи пайвандҳои амиқи таърихӣ, забонӣ ва тамаддунии ду халқ буда, ба анъанаи қадими ориёӣ бармегардад.
Аъзои Конвенсияи соли 2003 уҳдадоранд, ки чораҳои ҳифз, интиқол ва таблиғи ин унсурро таҳия намоянд. Дар Тоҷикистон иҷрои ин Конвенсия ба эҳёи расмӣ ва ҷашнгирии васеи Сада дар сатҳи давлатӣ оварда расонд. Чунин мақом таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ, олимон, сайёҳон ва намояндагони воситаи ахбори оммаро ба ин анъана ҷалб карда, ба омӯзиш ва таблиғи он мусоидат менамояд. Ҷашнгирӣ бо сурудхонӣ, рақс дар гирди оташи бузург, инчунин гузоштани неъматҳои меваҳои хушк ё тоза баргузор мегардад. Ин рӯзи ҷашн ҳамчунин оғози анъанавии корҳои кишоварзии мавсими нав шуморида мешавад. Деҳқонон заминро кишт мекунанд, боғбонҳо дарахтон ва буттаҳоро парвариш менамоянд. Баъд аз ҷашни Сада сокинони деҳот ба тоза кардани каналҳои об ва ҳавзҳо, инчунин таъмири пулҳо шуруъ менамоянд.Ҷашни миллӣ гурӯҳҳои гуногуни фарҳангӣ, қавмӣ ва диниро муттаҳид намуда, имкони ҳамзистии осоишта дар атрофи анъанаҳои кишоварзӣ ва ғизоиро фароҳам меорад, ки идомаи эҷоди шифоҳӣ ва хотираи ҷамъиятиро ҳифз менамояд.
Ҳамин тавр, дохил шудани Ҷашни Сада ба феҳристи ЮНЕСКО соли 2023 на танҳо эътирофи илмӣ ва фарҳангӣ, балки воситаи пурқуввати тасдиқи байналмилалии анъанаи қадими тоҷик дар ҷаҳони муосир аст, ки сабаби ифтихори миллӣ ва фаъолияти минбаъдаи ҳифзи ҳувияти миллӣ мебошад.
Аз нуктаи назари ватандӯстӣ Сада ба мо аҷдодони бузурги мардуми тоҷик — аз Зардушт то Фирдавсиро ёдрас мекунад. Ин рамзи устуворӣ ва муборизаи миллат барои ҳифзи ҳувияти худ давоми ҳазорсолаҳо, ҳатто дар давраҳои истилои бегонагон мебошад.
Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ (аз соли 2010) уҳдадориҳои байналмилалии мувофиқ дорад. “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025” чораҳои мушаххасро оид ба омӯзиш, ҳифз ва таблиғи ҷашнҳои миллӣ пешбинӣ кардааст. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ҳифзи ҷашни Сада воситаи муқовимат ба ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳанги бегона аст. Дар шароити муосир, ки фарҳангҳои хориҷӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона паҳн мешаванд, қонунгузории мо бояд механизмҳои ҳимоявиро тақвият бахшад, то ҷавононро ба ҳифзи мероси миллӣ ҳавасманд созад. Масалан, дохил кардани омӯзиши Сада ба барномаҳои мактабӣ метавонад воситаи ҳуқуқии тарбияи ватанпарастӣ гардад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Сада ҳамчун ҷашни миллӣ бо чорабиниҳои васеи фарҳангӣ таҷлил шуда, дар афрӯхтани оташҳо дар майдонҳо, барномаҳои ҳунарӣ ва маҷлисҳои илмӣ ифода меёбад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011 асосҳои ҳуқуқии таҷлили рӯзҳои идро дар ҷумҳурӣ муайян менамояд. Ин қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ рӯзҳои идро ба ду категорияи асосӣ тақсим мекунад: рӯзҳои ид (ҷашнҳои расмӣ, ки метавонанд корӣ бошанд) ва рӯзҳои идҳои ғайрикорӣ (таътили расмӣ). Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба қонун воридшуда аз 2 январи соли 2018 ҷашни Сада расман ҳамчун рӯзи ид эътироф шудааст ва ҳамасола охири моҳи январ таҷлил мегардад.
Ҷашни Сада ба гурӯҳи рӯзҳои ид (моддаи 2-и қонун) дохил шуда, чорабиниҳои расмӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ оид ба он дар сатҳи давлатӣ баргузор мешаванд. Дохил кардани Сада ба қонун натиҷаи сиёсати давлатӣ оид ба эҳё ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии миллӣ мебошад. Қонун мақомоти давлатиро вазифадор мекунад, ки шароити баргузории ҷашнро фароҳам оварда, афрӯхтани гулханҳо, барномаҳои ҳунарӣ, чорабиниҳои кишоварзӣ ва таблиғи анъанаҳоро ба роҳ монанд. Ин муқаррарот на танҳо ҳуқуқӣ, балки рамзи эҳёи анъанаҳои қадимии тоҷик дар замони истиқлолият буда, бо дастгирии ҷомеа ҳар сол бо шукуҳ таҷлил мешавад.
Ҷашни Сада на фақат маросими қадимии миллӣ ва омодагӣ ба баҳор, балки падидаи амиқи фалсафӣ-ҳуқуқӣ аст, ки дар ҳамбастагии инсон, табиат ва ҷомеа асос ёфтааст. Аз нуқтаи назари фалсафӣ Сада рамзи пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва ҳаёт бар марг мебошад. Ин афкор бевосита аз ҷаҳонбинии ориёӣ сарчашма мегирад, ки дар он оташ ҳамчун унсури поккунанда, ҳаётбахш ва рамзи адолат дида мешавад. Кашфи оташ аз ҷониби Ҳушанг на танҳо амали техникӣ, балки фалсафӣ аст. Яъне инсон бо ақлу иродааш бар қувваҳои табиӣ ғолиб меояд ва тартиботи нав (тамаддун) эҷод мекунад.
Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ Сада имрӯз дар Тоҷикистон ҳамчун ҳуқуқи фарҳангии конститутсионӣ эътироф шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва мероси ғайримоддиро кафолат медиҳад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Садаро чун рӯзи ид муқаррар карда, давлатро вазифадор месозад, ки шароити таҷлили онро таъмин намояд. Ин шакли ҳуқуқи фарҳангӣ аст, ки давлат ҳамчун кафили идомаи анъанаҳои қадимӣ амал мекунад.
Сада инчунин фалсафаи ҳуқуқи экологии ҷамъиятиро инъикос мекунад. Яъне пас аз афрӯхтани оташҳо мардум ҷӯйҳои обро тоза мекунанд, боғҳоро омода месозанд, нуриҳо паҳн мекунанд — ин амалҳо ҳуқуқи ҳар шахс ба муҳити зисти солим ва ҳуқуқи наслҳои ояндаро таъмин менамоянд. Дар ин ҷо принсипҳои масъулияти ҷамъиятӣ ва адолати байнинаслӣ зоҳир мешаванд.
Сада фалсафаи ҳуқуқи инклюзивиро пешниҳод мекунад. Ин ҷашн мардуми гуногунмазҳаб, гуногунқавм ва гуногунсолро муттаҳид месозад — ҳамон тавре ки ЮНЕСКО (соли 2023) онро ҳамчун унсури мероси ғайримоддӣ эътироф кард, ки сулҳ, ҳамзистии осоишта ва гуногунфарҳангиро тарғиб менамояд. Дар замони ҷаҳонишавӣ ин воситаи ҳуқуқии муқовимат ба фарҳанги бегона ва ҳифзи ҳуқуқи фарҳангии миллатҳо аст. Пас Сада аз як ҷашни одии оташафрӯзӣ ба фалсафаи ҳуқуқии зинда табдил ёфтааст, ки он ҳуқуқи инсон ба мерос, ба табиат, ба ягонагӣ ва ба ояндаи равшанро ҳимоя мекунад. Ин оташ на фақат дар гулхан, балки дар муқаррароти қонунгузорӣ аланга мезанад. Он алангаи ватанпарастӣ дар дили ҳар тоҷик аст.
Ин ҷашн моро ба ҳифзи мероси аҷдодони бузург даъват мекунад ва бояд аз ҷониби ҳамаи мо — аз давлат то ҳар шаҳрванд ҳифз карда шавад. Моро зарур аст, ки бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ин оташро ҷовидон нигоҳ дорем.
АКС: АМИТ «Ховар»








Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ барои ҳифзи таъриху тамаддуни тоҷикон ташаббуси саривақтӣ аст
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дарахтони сӯзанбарг аҳамияти иқтисодӣ ва шифобахшӣ доранд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Он ба рушди зеҳнии ҷавонон замина мегузорад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
НЕРУГОҲИ «РОҒУН» — ТАМАДДУНИ ЗЕРИЗАМИНӢ. Андешаҳо дар бораи азамати ин иншооти аср
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи нодурусти ангишт метавонад боиси заҳролудшавии инсон гардад






